Бозпурсии фарзандон ва келину қудоҳои Зайд Саидов (ВИДЕО)
Ҳумайрои БАХТИЁР
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари боздоштшудаи “Тоҷикистони нав”, мегӯянд, аз панҷуми октябр ба ин сӯ бозпурсии фарзандону келин ва қудоҳои нафари таҳти ҳимояташон идома дорад.
Исҳоқ Табаров ва Шӯҳрат Қудратов, ду вакили Зайд Саидов, дар суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфтанд, мақомоти тафтишот ба идораи сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) рафта, талаб кардаанд, то масъулин замони издивоҷи писарони Зайд Саидовро пешниҳод кунанд. “Ҳатто кӯдакони мактабхонро мепурсанд. Ин, ба фикри мо, як гуна фишор мебошад”,-гуфтанд онҳо.
Озодагон: Оё ин ба парвандаи Зайд Саидов рабт дорад?
Шӯҳрат Қудратов: “Ба мо маълум нест, дар асоси кадом санад фарзандону келинҳои Зайд Саидов пурсида мешаванд. Ҳоло тафтишот мегузаронанд, ки дар вақти ақди никоҳ бо писарони Зайд Саидов ин духтарон чандсола буданд.”
БАҲСИ ЯК НАВОР
Озодагон: Чанде пеш шабакаҳои телевизионии Тоҷикистон барномаеро аз рафти бозпурсии нафари таҳти ҳимояти Шумо пахш карданд. Дар ҳоле ки аз қабл эълон шуда буд, ки парвандаи ӯ муҳри махфӣ дорад. Инро чӣ гуна шарҳ медиҳед?
Исҳоқ Табаров: “Аз аввал мо бар зидди муҳри махфӣ гирифтани парвандаи мазкур будем. Аммо вақте мақомот бар ин парванда муҳри махфӣ заданд, мо ҳам дигар зери он имзо гузоштем, ки ҷузъиёти баргузории мурофиаро ошкор нахоҳем кард. Дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба зерҳимояи мо аз рӯи моддаи 138/3 иттиҳоми навбатиро эълон доштанд, ки таҷовуз ба номуси ноболиғ аст. Ин иттиҳом тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар эълон шуд. Яъне, сирри тафтишот то ҷойе ошкор гардид. Навор дар ҳоле пахш гардид, ки дар баъзе ҳолатҳо мақомот моро - вакилони дифоъро барои суҳбат бо хабарнигорон таҳдид мекарданд. Ба мо мегуфтанд, ки дар сурати ошкор кардани ҷузъиёти мурофиаи додгоҳӣ нисбат ба мо парвандаи ҷиноӣ боз хоҳанд кард. Аммо худашон ба ин кор даст заданд. Чунин ба назар мерасад, ки онҳо худ дар фазои қонунии кишвар ҳузур надоранд.”
ДАРХОСТҲОИ БЕҶАВОБ
Озодагон: Барои пахши чунин барнома ба мақомоти дахлдор муроҷиати расмӣ доштед?
Исҳоқ Табаров: “Бале. Баъд аз пахши ин барнома тавассути шабакаҳои телевизионии кишвар мо бо имзои тамоми вакилони дифои ин парванда ба додситонии кулли кишвар муроҷиат ва хоҳиш кардем, ки ин ҳолатро мавриди омӯзиш қарор дода, баҳои ҳуқуқӣ бидиҳад. Ба ин муроҷиати худ мо то имрӯз ҷавоби ҳуқуқӣ нагирифтаем ва ин хоҳиши мо бо чӣ амал анҷом ёфт, хабар надорем.”
Озодагон: Оё ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ ҳам сабт мешавад?
Шӯҳрат Қудратов: “Мурофиаи додгоҳӣ дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон пӯшида мегузарад. Аз баргузории мурофиаи додгоҳӣ сабти видеоӣ ва садоӣ намешавад. Он наворе, ки пахш гардид, он танҳо аз рафти ҳаракати тафтишотӣ ҳаст, на аз додгоҳ. Ҳаминро бояд гӯям, ки ин навор якҷониба гирифта шудааст ва дар ин навор таъкид шудааст, ки Зайд Саидов дар содир намудани чанд ҷиноят, аз ҷумла таҷовуз даст дорад. Ҳарчанд тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва Кодекси мурофиаи кишвар ҳеч шахс дар содир намудани ҷиноят маҳкум намешавад, ба ғайр аз гирифтани ҳукми додгоҳ. Ин парвандае, ки ҳоло баррасӣ мешавад, анҷом наёфтааст. Ман бар он андешаам, ки навори мазкур тарҳрезӣ шуда, махсус пахш шудааст. Чаро? Чун мақомот мехоҳад бо пахши чунин наворҳо дар зеҳни мардум Зайд Саидовро як ҷинояткор ва одами “сиёҳ” муаррифӣ кунад.”
БОВАРИ ВАКИЛОНИ МУДОФЕЪ
Озодагон: Фикр мекунед, чаро якбора ин навор пайдо шуду ин иттиҳом эълон?
Шӯҳрат Қудратов: “Чунки он мурофиаи додгоҳие, ки дар боздоштгоҳи мувақатии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, он ҳама моддаҳое, ки эълон шудаанд, тасдиқи худро наёфтаанд. Барои ин парванда нашиканад, онҳо то ба ҳоло нисбати Зайд Саидов тафтишот бурда, бо дигар моддаҳо парвандаҳои нав боз кунанд.”
Исҳоқ Табаров: “Дар ҳақиқат, аз оғози мурофиа то имрӯз он айбҳое, ки эълон шуданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин давра аз тарафи додгоҳ шоҳидони зиёд пурсида шуда, мавод ва далелҳои зиёде ҳам пешниҳод шудааст. Ҳоло ба пуррагӣ гуфта метавонем, ки он ҳама айбҳои эълонгардида дар нисбати Зайд Саидов тасдиқи худро наёфтааст.”
Озодагон: Шумо барои “сафед” кардани нафари таҳти ҳимоятатон далелҳое дар даст доред?
Исҳоқ Табаров: “Далелҳое, ки мо дорем, ба додгоҳ пешниҳод кардем. Аз ҷониби тафтишот ягон далели боэътимоде, ки ин айбҳоро тасдиқ карда тавонанд, ҷамъ оварда нашудааст. Аз ин хотир мо изҳор медорем, ки айбҳо беасос ва хом буда, беасосии он дар рафти мурофиа тасдиқи худро ёфтааст.
То имрӯз 9 ҳолати айб эълон карда шудааст. Дар рафти мурофиа аксари моддаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, танҳо иттиҳоми таҷовуз ба номус мондааст. Санҷиши ин ҳолат ҳам дар рӯзҳои наздик оғоз меёбад. То имрӯз нисбат ба Зайд Саидов иттиҳоми дувум аз рӯи моддаи 138/3 расман эълон нагардидааст. Дар сурати расман эълон кардан, ҳамаи кӯшишҳоро ба харҷ медиҳем барои ҳимояи Зайд Саидов. Аслан дар ҳарду ҳолати рӯ ба рӯкунӣ Зайд Саидов эҳтимоли шиносоӣ доштан бо он духтаронро рад кард.”
Озодагон: Худи Зайд Саидов ду иттиҳоми “таҷовуз ба номус”-ро чӣ гуна қабул кард?
Исҳоқ Табаров: “Вақте ин иттиҳом бори нахуст эълон гардид, зерҳимояи мо хеле ба қаҳр омад. Гуфт, ки чӣ гуна ба чунин ҷиноят ӯро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки “ҷабрдидаҳоро” намешиносад. Зайд Саидов мегуфт, ҳамчун як инсон даст заданаш ба ин амал ғайриимкон ҳаст. Баъдан, вақте иттиҳоми дувум шуд, то андозае сабуктар қабул кард, чун медонист, ки ин ҳам иттиҳоми навбатӣ ҳаст.”
“ҲУҶҶАТҲОЕ ДОРЕМ, КИ...”
Озодагон: Гуфтед, мақомот чандон далели кофӣ барои исботи ҳамаи иттиҳоми эълонгардида надоранд. Аммо он ҳама шоҳидоне, ки дар мурофиаи додгоҳӣ пурсида мешаванд, ҷой доштани ҷинояти хусусияти молидоштаро дар ин ё он иншоот тасдиқ мекунанд...
Исҳоқ Табаров: “Албатта, он шоҳидон пурсида шуданд. Аммо дар марҳилаи додгоҳӣ додгоҳ ҳам ба он хулоса омад, ки гуфтаҳои онҳо ба ҳақиқати ҳол, ҳолатҳои аслии кор мувофиқат намекунад. Ҳоло мо ҳуҷҷатҳое ба додгоҳ пешниҳод намудем, ки ин ҳолатҳоро ба куллӣ инкор мекунад. Додгоҳ ҳеч имкон надорад, ки ин далелҳоро рад кунад. Чун далелҳои мо раднашаванда ҳастанд. Ман боварии комил дорам, додгоҳ ба ин баҳои дурусти ҳуқуқӣ дода ва қарори одилона ва объективонаи худро дар ин ҳолат мебарорад.”
Озодагон: То куҷо барои мунсифона анҷом ёфтани ин мурофиа бовар доред?
Шӯҳрат Қудратов: “Албатта, ҳоло мо бовар ва умед дорем, ки парвандаи мазкур ба таври воқеъбинона ва бетарафона баррасӣ мешавад. То куҷо он воқеъбинона анҷом мегирад, инро танҳо баъд аз судури ҳукм метавон гуфт.”
“ТАШХИСИ ДНК”
Озодагон: Ба баррасии мунсифонаи мурофиаи додгоҳӣ бовар ҳаст мегӯед. Аммо тибқи иттилое, ки қаблан дода будед, гӯиё ташхиси хунӣ (ДНК)-и ҳолати фарзанд доштани Зайд Саидов аз як духтари ҷавон бидуни огоҳӣ ва иҷозаи Шумо сурат гирифта буд. Инчунин, ба шумо барои баргузории аудит дар баъзе иншоот ҷавоби мусбат надоданд. Пас, ин ҳама боварӣ барои баррасии мунсифонаи парванда аз куҷост?
Исҳоқ Табаров: “Мо ба ҳеч ваҷҳ тахасуснокии Додгоҳи олиро зери шубҳа гузоштанӣ нестем. Бовар дорем, дар ин додгоҳ мутахассисони дорои таҷриба кор мекунанд. Мо, аслан ба қонун бовар дорем, на ба шахсияту ҳокиму ҳокимият. Тамоми масъулин бояд дар асоси қонунгузории кишвар амал кунанд. Додгоҳ ин марҳилаи охири баррасии парванда мебошад. Аз ин лиҳоз, мо боварии комил дорем, Додгоҳи олии кишвар баъди баррасии ин кор, ба ҳамаи далелҳои мо қарори одилона ва қонунии худро мебароранд. Мо мавқеи худро ҳоло гуфта наметавонем ва дар вақти баромади тарафҳо ҳатман сухане хоҳем гуфт.”
“ВАЗИРОНРО НАПУРСИДААНД”
Озодагон: Далеле, ки мақомот барои муҳри махфӣ гирифтани парванда эълон карданд, ин зикр шудани исми чанде аз мансабдорон мебошад. Дар воқеъ, ягон вазир ё мансабдор ба унвони шоҳид дар мурофиаи додгоҳӣ пурсида шуданд, ё ин танҳо эълони расмӣ буд?
Исҳоқ Табаров: “Ба фикри ман, ин танҳо як эълони расмӣ буд. Он мансабдороне, ки қаблтар гуфта буданд ва ба ин хотир ба парванда муҳри махфӣ заданд, ҳеч баёнот надодаанд. Онҳо танҳо дар як санаде, ки лоиҳаи қарор ҳам нест, имзо гузоштаанду халос. Дар рафти тафтишот пурсида шудаанд. Аммо додгоҳ онҳоро ба ҳайси шоҳид даъват накард ва намекунад. Фикр мекунам, ҳеч зарурат ҳам нест.”
Шӯҳрат Қудратов: “Дар қонунгузорӣ омадааст, ки дар кадом маврид парванда бояд муӯҳри махфӣ бигирад? Дар он маврид парванда мӯҳри махфӣ мегирад, ки агар он сирри давлатӣ дошта бошад. Аммо он моддаҳое, ки аз рӯи он парвандаи ҷиноии Зайд Саидов боз гардидааст, ба қонунгузорӣ оид ба сирри давлатӣ ҳеч рабте надорад. Мо ба ин андеша ҳастем, ки парванда ғайриқонунӣ муҳри махфӣ гирифтааст. Мо ҳамон вақт бо муроҷиатнома ба додситонӣ шикояти худро бурдем, аммо то ба ҳол бетағйир боқӣ монд. Мансабдор ва ё вазир будан, ин сирри давлатӣ нест. Аслан ҷомеа бояд бидонад, ки мансабдор чӣ гуна зиндагӣ дорад. Ин махфӣ набояд бошад.”
МАСЪАЛАИ СУРКОВ ВА ИЗИ РУСӢ
Озодагон: Ишора гардидани исми яке аз мансабдорони воломақоми Русия – Сурков сарусадои зиёдеро ба вуҷуд овардааст. Шумо чӣ назар доред?
Исҳоқ Табаров: “Дуруст аст. Баъзе шоҳидон шаҳодат доданд, ки гӯиё дар бӯстонсарои Сурков додугирифти молӣ сурат гирифтааст. Ин асос надорад. Мо барои бозпурсӣ кардани ҷаноби Сурков муроҷиат кардем. Вале, мутаассифона, ҷониби додгоҳ ин дархости моро беҷавоб монд ва ҷаноби Сурков ҳамчун шоҳид дар парванда пурсида намешавад. Ин драхости мо ҳоло кушода буда, ҳозиршавии Сурков ба додгоҳ таъмин нашудааст.”
Озодагон: Гуфтан мумкин аст, ки баҳси парвандаи Саидов аз Тоҷикистон берун меравад. Дар ҳоле ки ба изи русӣ дар ин парванда ишораҳо мешавад...
Исҳоқ Табаров: “Бовар надорем, ки ин парванда хусусияти байналмилалӣ бигирад. Мо то ба ҳол андешаи ҷаноби Сурковро намедонем. Тафтишот бояд то имрӯз ҷаноби Сурковро бозпурсӣ мекард. Мо ҳамчун вакилони мудофеи Зайд Саидов расман ба дастгоҳи иҷроияи президент ва додситони кулли Русия дархост фиристодем. То ба ҳол ҷавоб нагирифтаем. Дар бобати Сурков гуфтанӣ ҳастам, ки Зайд Саидов шиносии худро бо ин шахс инкор мекунад. Гуфт, ки ҳеч шиносоӣ надорад ва агар нашиносад чӣ гуна ба бӯстонсарои вай мераваду муомилаи пулӣ мекунад. Мо боварии комил дорем, ки зерҳимояи мо бо Сурков шинос нест. Аз ин хотир мо расман муроҷиат кардем, то Сурков пурсида шавад.”