Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон аз Эрон шикаст хӯрд
Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) дар нахустин бозии худ дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё аз тими ҷавонони Эрон шикаст хӯрд.
Ин бозӣ шоми рӯзи 8-уми октябр, дар варзишгоҳи “Шаҳид Боҳунар”-и Эрон баргузор гардида, бо ҳисоби 2:0 ба нафъи мизбонон анҷом ёфт. Голҳои соҳибони майдонро дар ин сабқат Бобак Абдуллозода дар дақиқаи, 40 (1:0) ва Фатҳиан Алӣ, дар дақиқаи 90+2-юм (2:0) ба ҳадаф расонидаанд. Аммо футболбозони ҷавони тоҷик ба ягон голи мизбонон посух дода натавонистанд.
Мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё байни ҷавонони то 19-сола дар гурӯҳи D аз 8-ум то 12-уми октябр дар шаҳри Кирмони Эрон баргузор мешавад. Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19), ки ба гуруҳи D шомил шудааст, боз рӯзи 10-уми октябр бо Арабистони Саудӣ ва рӯзи 12-уми октябр бо Лубнон мубориза мебарад.
Ғолибони 9 гуруҳ ва 6 дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм ба сабқати ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё (U-19), ки моҳи октябри соли 2014 дар Мянмар доир мегардад, роҳхат мегиранд.
Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, ба ҷамъомади таълимиву тамринии даста ва ширкат дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё ба ҳайати даста 23 футболбозро шомил кардааст:
Ҳайати мунтахаби ҷавонон Тоҷикистон (U-19):
Дарвозабонҳо: Муродулло Саидов (Энергетик), Эмомалӣ Сониев (Истиқлол), Дилшод Дадобоев (Пахтакор-и ноҳияи Ҷаббор Расулов);
Ҳимоятгар: Самандари Хайриддин, Зокир Иброҳимов (ҳарду - Истиқлол), Фирдавс Чақалов, Анварҷон Хамроқулов (ҳарду - ССКА Памир), Далер Бердиқулов (Регар-ТадАЗ), Алишер Холмуродов (Энергетик);
Нимҳимоятгар: Амирбек Ҷурабоев (ДЮСШ ПФК ССКА, Москва), Парвиз Ҳамидов, Муҳсинҷон Парпиев (харду Хайр), Вайсиддин Сафаров (Истиклол), Шорух Раҷаматов (Парвоз), Комрон Турсунов, Дилшод Саломов, Дилшод Расулов (ҳама РТСУ), Ойбек Абдуғаффоров, Мармар Зокиров (ҳарду Энергетик).
Ҳамлагар: Меҳроҷиддин Музаффаров (Хайр), Суннатулло Холов (Вахш), Ромиш Ҷалилов, Сиёвуш Муҳсинов (ҳарду - Истиқлол).