Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, субҳи имрӯз, 9-уми октябр аз ноҳияи Дарвоз ба шаҳри Хоруғ, маркази вилояти Бадахшон омад.
Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки Эмомалӣ Раҳмонро дар шаҳри Хоруғ бо самимият ва шукргузориҳо аз ободкорӣ дар ин гӯшаи баландкӯҳи Тоҷикистон истиқбол намуданд.
Шарифзода афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар боғи наздикии фурудгоҳ дар намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ аз тамоми Бадахшон ширкат карда, бо таваҷҷуҳи махсус ба себҳои хушлаззат, картошкаю дигар маҳсулоти бенуқсони кишоварзӣ ва осори волои санъати Бадахшон ба масъулин дастур додааст, ки барои ҳифзи ин ҳама сарват чораандешии бештар кунанд.
Шарифзода илова намуд, ки дар намоишгоҳ раисиҷумҳур аз мурраббоҳои зани соҳибкор, Ғаффурова Васила аз ноҳияи Ванҷ, ки аз гиёҳҳои шифобахш омода шудаанд, харид карданд. Дар мавриди нархи мураббоҳои шифобахш сухангӯи раисиҷумҳур ба “Озодагон” иттилоъ дод, ки 10, 35 ва 180 сомонӣ нархгузорӣ шудаанд: “Вале президент ба фикрам, кӯмак шавад гуфта, аз нархҳои нишондодаи соҳибкор маблағи бештар, ҳудуди 5 ҳазор сомонӣ, доданд.”
Ба иттилои сухангӯи раисиҷумҳур имрӯз сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Шуғнону Ишкошим идома хоҳад ёфт.