Путин алайҳи ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои узви СНГ
Владимир Путин, раисисҷумҳури Русия, зидди ҷорӣ намудани низоми раводид ё виза бо кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) баромад кардааст.
Ӯ мегӯяд, ҷорӣ намудани низоми раводид метавонад, Русияро аз шарикони кишварҳои пасошӯравияш дур кунад: “Ҳоло мо бояд талош варзем, то ин кишварҳоро ҳарчи бештар бо худ наздик кунем, на дур.”
Раисиҷумҳури Русия гуфтааст, раванди муҳоҷират дар ин кишвар бояд тариқи маданитар сурат бигирад, ки дар ин сурат он мардуми муқимиро таҳрик надода, баръакс вокуниши мусбат хоҳад дод. Ба гуфтаи Владимир Путин, бозори нерӯи кории Русия воқеан ба муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои хориҷ ниёз дорад: “Бозори нерӯи кории мо ниёз ба он дорад, ки мо бояд ҷойҳои холии онро аз ҳисоби муҳоҷирон пур кунем. Аз ин рӯ, мо бояд ба ин масъала хеле бо диққат назар карда, ба таври ҳирфаӣ иқдом бигирем, ки муҳоҷиронро чигуна ва дар куҷо истифода барем.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран расонаҳои русӣ аз қавли Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия дар мавриди ҷалби нерӯи корӣ аз хориҷ тариқи даъватнома хабар дода буданд. Гӯиё ин ниҳод гуфтааст, лоиҳаеро баррасӣ дорад, ки минбаъд нерӯи кориро аз хориҷ ба Русия тавассути даъватнома ҷалб хоҳанд кард.
Гузашта аз ин, чанде аз мақомҳои баландпоияи Русия масъалаи ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷмула Тоҷикистонро дар миён гузошта буданд. Ҳамасола беш аз як миллион сокини Тоҷикистон барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба Русия мераванд.