Тоҷикистон дар қатори кишварҳои иртиботи мобилияш гарон
Иртиботи мобилии аз ҳама гарон вобаста ба даромади миллии дохилӣ ба сари аҳолӣ дар Тоҷикистон сабт шудааст. Дар ин бора Оразбек Қайиқов, раҳбари шӯъбаи минтақаии Иттиҳоди байналмилалии алоқаи электрикӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ хабар додааст.
Ӯ, ки дар конфронси байналмилалие суҳбат мекард, гуфтааст, ба ҷуз Тоҷикистон дар Қирғизистон ҳам иртиботи мобилӣ гарон аст. Аммо ба гуфтаи вай иртиботи арзони мобилӣ дар Қазоқистон, Русия ва Белорус будааст,-хабар додааст ca-news.
Гуфта мешавад, дар ҳоли ҳозир алоқаи арзонтарин дар ҷаҳон дар Австрия мебошад. Даромади миллии дохилӣ бар сари ҳар нафар дар ин кишвар 48 ҳазору 300 доллар буда, ҳаҷми пешбардохт 0,1 дар сади ин маблағро ташкил медодааст.
Ба гуфтаи Қайиқов мақоми 22-юм дар ҷаҳон ва 1-ум дар ИДМ насиби Қазоқистон аст, ки даромади миллии дохилияш ба сари аҳолӣ 8220 доллар бо ҳаҷми алоқа 1 дарсадиро ташкил медиҳад.
Тоҷикистон дар зинаи 150-ум қарор гирифтааст. Даромади миллии дохилӣ бар сари аҳолӣ 870 долар бо ҳаҷми 21,8 дар сад аз ин маблағ гуфта мешавад.