Видеои пурсиши "Шуморо облава кардаанд?"
Баробари шурӯи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши Тоҷикистон, ки моҳи октябр оғоз шуда, охири ноябр ба анҷом хоҳад расид, мавзӯи “облава” ё даъвати иҷборӣ ҳам доғ мешавад. Вуҷуди “облава”-ро худи мақомоти расмии Тоҷикистон ҳам тасдиқ мекунанд, вале мегӯянд, ин маърака ба он ҳадде нест, ки дар расонаҳо тасвир мешавад.
Хабарнигори “Озодагон” дар як сӯҳбати сарироҳӣ аз ҷавонони Душанбе пурсид, ки оё онҳо низ ба “облава” дучор омадаанд, ё не. Аксари назардиҳандагон вуҷуди “облава” дар Тоҷикистонро тасдиқ карда, иддае “қурбон”-и ин маъарака шудани худро ҳам баён доштанд. Вале бештари онҳо гуфтанд, ба далели ин ки донишҷӯянд, аз облава халос шуда, ба таҳсили худашон идома медиҳанд.
Вале яке аз назардиҳандагон гуфт, даъвати иҷбории ҷавонон ба сафи артиш аз нигоҳи қонун дуруст нест. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, мақомот баъзан ҷавононро аз ҷои хобашон низ дастгир кардаву ба хизмати ҳарбӣ мефиристанд. “Ин аслан кори дуруст нест ва бояд ҷавонон бо хоҳиши худ ба артиш бираванд”,-гуфт мусоҳиби мо. Яке дигар аз назардиҳандагон мегӯяд, бештар бояд ҷавонҳое ба артиш ҷалб шаванд, ки ба гапи волидонашон гӯш намедиҳанду, баръакс, барои онҳо дардисар эҷод мекунанд.Назари ҷавононро дар ин навори видео бубинед: