Ғолибияти варзишгарони риштаи сумои тоҷик дар Австрия
Варзишгарони тоҷик дар чемпионати кушоди Австрия оид ба сумо ҷойҳои дуюму сеюмро соҳиб шуда, бо нишонҳои нуқра ва биринҷӣ сарфароз гардиданд.
Чемпионати кушоди Австрия рӯзҳои 5 ва 6-уми октябри соли равон дар шаҳри Колфауи ин кишвар баргузор гардид, ки дар он варзишгарони риштаи сумои Тоҷикистон ширкат намуда ҳунарнамоӣ карданд.
Зоирҷон Ёров дар вазни 115 кило ҷойи дуюмро соҳиб гардид, Акмал Назруддинов бошад дар вазни то 80 кило мақоми сеюмро ишғол кард. Ҳамчунин дар бахши дарёфти ҷоизаи “Open West” Зоирҷон Ёров ба гирифтани ҷои дуюм ва Фотеҳ Мухторов дар вазни аз 115 кило боло ҷойи сеюмро ишғол кард.
Ёдовар мешавем, ки Фотеҳ Мухторов поягузори гуштии ҷопонии сумо дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ӯ зиёда аз 10 сол аст, ки ба ин навъи варзиш машғул аст ва бо ташаббуси вай 8-сол қабл Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистон таъсис ёфта буд. Роҳбарии Ассотсиатсияи сумои Тоҷикистонро низ аз замони таъсисёбиаш то ба имрӯз Фотеҳ Мухторов ба ӯҳда дорад.