Боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри баҳсбарангези “Карон”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 8-уми октябр дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Дарвоз нахуст аз бозмондаҳои шаҳри бостонии Карон дидан кардааст. Мавзӯи қадимӣ будани Карон чанд соли қабл аз тарафи донишманди тоҷик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ матраҳ шуда, Мӯъмин Қаноат -- шоири тавонои тоҷик онро дар “Ёддоштҳо ва бардоштҳо”-яш зикр кардааст.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳангоми боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз Карон зикр шудааст, ки ин шаҳр тақрибан 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёиёни бостонӣ рост меояд. Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур “маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносон пайдо шудаанд, аз пайравони оини зардуштӣ будани сокинони ин шаҳр гувоҳӣ медиҳад. Дар он бозмондаҳои маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби Авасто, майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳҳо ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ ба назар мерасанд.”
Бар асоси пешгӯии олимони бостоншинос, боқимондаҳои деворҳои иҳотавӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ин шаҳри ҳокимнишин тақрибан дар масоҳати 100 гектар доман паҳн намуда будааст.
Аммо ахиран С.Бобомуллоев, доктори илмҳои таърих, дар як матлаби худ дар “Ҷумҳурият”, нашрияи ҳукумати Тоҷикистон, арзиши таърихии Каронро муболиға хонда буд. Бобомуллоев аз ҷумла навишта буд, “тайи ду-се соли охир дар матбуоти даврӣ ҳангомае оид ба кашф гардидани шаҳри қадимтарин дар Дарвоз аз ҷониби доктори илмҳои таърих, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Юсуфшоҳ Яқубов бархостааст. Кашшофи он Яқубов ва ҳаммаслаконаш аз қабили Мӯъмин Қаноат исбот карданианд, ки гӯиё онҳо як саҳифаи ноаёни таърихи тоҷикро кашф намудаанд.”
Бобомулоев дар ин мақолаи худ дар нашрияи “Ҷумҳурият” гуфта, ки “то ҳол аз минтақаи Дарвоз ҳеҷ як далели бостоншиносие пайдо нашудааст, ки ба ҳазорсолаи 3-и пеш аз милод мансуб бошад.” Бо ин ҳол, мавзӯи Карон ҳоло матраҳ аст ва Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ гуфта буд, ин шаҳри қадимӣ ба феҳристи ёдгориҳои таърихии ЮНЕСКО шомил бишавад. Вай то кунун бо забони тоҷикиву англисӣ муаррифиномаеро бо номи "Кашфи шаҳри Каррон" низ ба табъ расондааст.
САФАРИ РАҲМОН БА БАДАХШОН
МУЛОҚОТ ДАР ВАНҶ