Саудӣ 15 октябрро Иди Қурбон эълон кард. Тоҷикистон ҳанӯз фикр дорад
Ҳоҷиёни тоҷик ҳамроҳ бо ҳамсафарони худ имсол рӯзи 15-уми октябр дар Арабистони Саудӣ аз Иди Қурбон истиқбол хоҳанд кард.
Дорулифтои Саудӣ ва Миср рӯзи Иди қурбонро 15-уми октябр таъин карда, аз 14 то 19-уми ин моҳро барои мардуми худ рӯзҳои истироҳатӣ эълон намудаанд.
Ин дар ҳолест, ки Шӯрои уламои Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз ин ниҳод рӯзи дақиқи Иди Қурбонро дар кишвар муайян накардааст. Атовуллоҳи Қосим, сухангӯи Шӯрои уламои кишвар дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, бар асоси тақвимҳои исломӣ рӯзи 15-уми окябр бояд аз Иди Қурбон таҷлил шавад. Вале ба гуфтаи ӯ шӯро рӯзи чаҳоршанбе таърихи дақиқи баргузории Иди Қурбон дар Тоҷикистонро эълон хоҳад кард.
Иди Қурбон, яке аз ду иди бузурги мусалмонони ҷаҳон мебошад, ки он ҳамасола рӯзи 10-уми Зулҳиҷҷа пас аз 2 моҳу 10 рӯзи Иди Фитр таҷлил карда мешавад. Дар Тоҷикистон низ баъд аз солҳои наввадуми қарни гузашта дар шакли расмӣ аз он истиқбол шуда, дар ин рӯз дари ҳамаи коргоҳҳо баста ва ин рӯз истироҳат эълон мешавад. Мардуми доро одатан дар ин рӯз, бар асоси расму ойини мазҳабии худ, гӯсфанд ё говеро қурбонӣ намуда, шахсиятҳои гирду атрофи камбизоати худро низ аз гӯшти он бенасиб намегузоранд.