Лошарӣ мушкилоти тиҷорати Тоҷикистону Покистонро ном бурд
Шералӣ Ҷононов, сафири Тоҷикистон дар Покистон, зимни баромадаш дар Палатаи савдо ва саноати Лоҳур гуфт, 60 дарсади семент дар Тоҷикистон аз Покистон ворид мешавад, вале ҳамоно имкониятҳои зиёди тиҷоратии ду кишвар истифода нашудаанд. Ҷононов гуфт, дар доираи эъломияи Шӯрои байниҳукуматии Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, (CASA), содироти 1300 мегаватт барқ ба Покистон дар фасли тобистон дар назар аст ва кор болои ин лоиҳа аввали соли 2014 оғоз шуда, дар назар аст давоми 2-3 сол амалӣ шавад.
Тавре хабаргузориҳои покистонӣ хабар медиҳанд, сафири Тоҷикистон дар мисоли Чину Эрон аз Покистон низ даъват намуд, ки тариқи баргузории намоишгоҳҳо молҳои худро дар Тоҷикистон бештар муаррифӣ кунанд. Сафир ваъда додааст, ки ба тоҷирони покистонӣ барои зуд гирифтани раводиди Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.
Ба навиштаи расонаҳои покистонӣ Суҳйли Лошарӣ, раиси Палатаи савдо ва саноати Лоҳур таъйид намуд, ки имкониятҳои зиёди ҳамкории Тоҷикистону Покистон истифода нашудаанд: “Мутаассифона, Покистон дар қатори шарикони асосии тиҷории Тоҷикистон қарор надорад. Сабаби заиф будани тиҷорат миёни Тоҷикистону Покистон ин набудани воситаҳои нақлиёт, заиф будани низоми бонкии Тоҷикистон ва то ҷое таъмин набудани амният мебошад.”
Лошарӣ аз он нигаронӣ намудааст, ки нишондоди тиҷории ду кишвар устувор нест: “Аз як тараф содироти молҳои Покистон ба Тоҷикистон афзоиш ёфтааст, аммо воридот аз Тоҷикистон кам гардидааст.”
Раиси Палатаи савдо ва саноати Лоҳур дар ҳузури тоҷирони покистонӣ таъкид намуд, ки дар Тоҷикистон истеҳсолот заиф аст ва ин имконияти хуб барои ташкили корхонаҳо дар худи Тоҷикистон аст, зеро аксари талаботи дохилии ин кишвар бо молҳои воридотӣ таъмин мешавад.