Ёвониҳо ба сабқати вилоятӣ роҳхат гирифтанд
Дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ озмуни иди «Асал-2011» ва «Сайри харбуза» идома дорад.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз маркази матбуот ва иттилоти вазорати кишоварзӣ иттилоъ доданд. Чорабинии мазкур ба ифтихори таҷлил аз 20-умин солгарди истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ бахшида шудааст. Бино ба қавли манбаъ, феълан дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон «Иди асал» ва «Сайри харбуза» сурат пазируфт, ки дар он аз тамоми ҷамоатҳои деҳоти ноҳия зиёда аз 500 килограмм намудҳои гуногуни асал дар зарфҳои хурду калони ороишӣ ва инчунин 12 намуди харбуза ба миқдори зиёда аз 7 тонна, бо нархҳои 30-40% арзон нисбати бозор пешкаши харидорон гардонида шуд. Ҳамзамон, маҳсулотҳои аз харбуза омода кардашуда, аз ҷумла шарбати харбуза, харбузаи хушккардашуда ва фатирмаскаи харбузагӣ ва ғайраҳо ба маърази тамошо гузошта шуд. Ғолибони озмун ба мукофотҳои таъсисдодаи ҳукумати ноҳия сафароз гардида шуда ва ба озмуни вилоятии «Асали Хатлон-2011» ва «Иди харбуза-2011» роҳхат гирифтанд.{jathumbnail off}