Зулхумор 4 рӯз боз наметавонад аз Домодедово берун шавад
Зулхумор Алиҷонова, шаҳрванди Узбакистон тули чаҳор рӯз мешавад, бо чаҳор фарзанди ноболиғаш дар минтақаи транзитии фурудгоҳи Домодедови шаҳри Маскав ба сар мебарад.
Марзбонони рус мегӯянд, худи ин зан метавонад, вориди қаламрави Русия шавад. Вале фарзандони ӯ ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои ворид шудан ба қаламрави ин кишварро надоранд.
Ҳавасбек Алиҷонов, ҳамсари Зулхумор ду соли қабл бо ангезаҳои сиёсӣ қаламрави Узбакистонро тарк карда, ҳоло дар Маскав мебошад ва ҳатто дархости ҳаққи паноҳандаи сиёсии Русияро низ кардааст. Ба гуфтаи Алиҷонов, мақомоти қудратии узбак ӯро маҷбур кардаанд, то алайҳи ҳамсояи худ шоҳидӣ диҳад, вале ӯ саркашӣ карда, ба Русия паноҳ бурдааст. Баъд аз тарки ватан намудани Алиҷонов мақомот хонаводаи ӯро таҳти фишор қарор додаанд, то дубора баргардад. Вале ҳамсараш бо кӯмаки пайвандони худ фарзандонашро аввал ба Қирғизистон гурезонда, сипас аз онҷо тариқи ҳавопаймо ба Маскав парвоз кардааст. Аммо дар фурудгоҳи Домодедов аз сабаби он ки расмҳои кудакон дар шиносномаи ин зан насб нагардидааст, ба ӯ иҷоза надоданд, бо чаҳор тифлаш вориди Русия шавад.
Зулхумор дар суҳбат бо хабаргузориҳои русӣ гуфтааст, ҳоло ӯ бо чаҳор фарзанди ноболиғаш, ки хурдтари онҳо синаш аз 3 поин мебошад, дар утоқи боздоштгоҳи муваққатии фурудгоҳ ҳамроҳ бо зиёда аз 10 муҳори меҳнатӣ ба сар мебарад. Мақомоти қудратии Маскав гуфтаанд, то он даме, ки асноди зарурӣ барои гузаштани фарзандони Алиҷонов хатти марзи Русияро омода нашавад, онҳо дар инҷо боқӣ хоҳанд монд.