Э.Раҳмон аз 30 созишнома гуфт, С.Наришкин - аз интихобот
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи ҳафтуми октябр ҳамроҳ бо Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатии Русия, ҳамкориҳои миёни Душанбеву Маскавро ба баррасӣ гирифтанд.
Абдулфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба “Озодагон” гуфт, оқои Раҳмон сӯҳбатро бо ёдоварӣ аз ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Русия оғоз карда, афзудааст, “мо ҳазорон пайвандҳо дорем”.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, миёни Тоҷикистону Русия айни ҳол қариб 240 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ баста шудаанд ва 30 санади дигар дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Ба иттилои Шарифзода, раисиҷумҳури Тоҷикистон махсусан санадҳои ба тозагӣ тасвибшуда - дар бораи тамдиди муддати будубоши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ва созишномаҳо дар бораи шароити будубоши муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия ва содироти бебоҷи маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистонро ба нафъи ҳарду кишвар хондааст.
Эмомалӣ Раҳмон барои афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Русия, аз ҷумла фаъолияти бештари комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва ба кор даровардани дигар омилҳои муассирро зарур хондааст.
Ба иттилои Абдуфаттоҳ Шарифзода, Эмомалӣ Раҳмон ва Сергей Наришкин бо зикри робитаҳои мустақими минтақаҳои Тоҷикистон бо зиёда аз 80 субъекти минтақавии Русия инчунин ба рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва фарҳанг низ таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд.
Сергей Наришкин баъд аз анҷоми сӯҳбаташ бо Эмомалӣ Раҳмон ба чанд суоли хабарнигорон ҳам посух додааст. Аз ҷумла, ӯ дар бораи интихоботи президентии рӯзи шашуми ноябри Тоҷикистон гуфтааст, Русия ба ҳеч ваҷҳ ба ҷараёни ин интихобот дахолат нахоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки қаблан баъзе аз соҳибназарон тасвиби қарордоди Душанбеву Маскав дар бораи тамдиди ҳузури низомиёни пойгоҳи 201-и Русияро талоши Эмомалӣ Раҳмон барои дарёфти пуштибонии Крмелин дар интихоботи президентӣ медонистанд. Дар ҳоле ки ба гуфтаи онҳо, ин тарҳи ин қарордод тақрибан як сол боз рӯи мизи кории мақомдорони тоҷик мехобид.