Ҳалокати зоири 74-солаи қирғиз дар Макка
Дар шаҳри Маккаи Арабистони Саудӣ як зоири 74-солаи қирғиз ҳангоми адои яке аз рукнҳои ҳаҷ ба ҳалокат расидааст.
Ин мӯйсафед, ки аз он Санат Қуранбаев ном бурда шудааст, сокини рустои Чекободи вилояти Уши Қирғизистон буда, ба гуфтаи пизишкон бар асари сактаи дил фавтидааст.
Ба иттилои ситоди Қирғизистон оид ҳаҷ, сафарбаркунии зоирини қирғиз ба Арабистони Саудӣ аз 17-уми сентябр то 3-уми октябр идома ёфта, ҳамаи зоирини ин кишвар, ки шумораи умумиашон 3 ҳазору 722 нафарро мебошад, вориди шаҳри Макка ва Мадина шудаанд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Қирғизистон ҳудуди се то чаҳор ҳазор шаҳрванди ин кишвар барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.