Афзоиши қарзгирӣ дар Тоҷикистон
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳолати аввали моҳи сентябр қариб 7 миллиард сомонии бонкҳо дар дасти мардуму корхонаҳост.
Ин ниҳод бо такя ба маълумоти оморӣ мегӯяд, бақияи умумии қарзҳо дар моҳи августи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40,5 фоиз зиёд мебошад. Ба иттилои манбаъ аз ҳаҷми умумии қарзҳо 4 милиарду 370 миллионашро қарзҳои кутоҳмуддат ва 36,5 фоиз ё 2 миллиарду 514 миллион сомониро қарзҳои дарозмуддат ташкил медиҳад.
Бонки миллӣ фоизҳои миёнаи қарзҳои бонкиро дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ бо пули миллӣ-23,98 фоиз ва бо асъори хориҷӣ-22,63 фоизи солона арзёбӣ мекунад.
Бонки миллӣ таъкид мекунад, ки дар Тоҷикистон талабот ба қарзҳои хурд афзоиш ёфта, ҳаҷмашон дар ҳашт моҳи соли равон ба 3 миллиарду 35 миллион сомонӣ баробар шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 987,0 млн. сомонӣ ё 48,2 фоиз зиёд шавад: “Аз он ҷумла, 601,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон дода шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 39,7 фоиз зиёд мебошад.”