Ҳакимов: "Бойкот!"; Бобоназарова: "Идома медиҳем!"
Бештари аъзои Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ), ки Ҳизби наҳзати исломӣ ва Ҳизби сотсиал-демократ, шомили онанд, пешниҳоди бойкоти интихоботи рӯзи шашуми ноябрро рад намуданд. Ин пешниҳод рӯзи 7 октябр аз сӯи Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҲСДТ, дар ҷаласаи ИНИТ садо дод ва аммо бо мухолифатҳои шадид рӯбарӯ омад.
Аз ҷумла, Ойниҳол Бобоназарова, номзад ба мақоми президентӣ аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, гуфт, шахсан тарафдори тамдиди замони ҷамъоварии имзо аз сӯи Кумисюни марказии интихобот аст ва ба муборизааш идома хоҳад дод. Ӯ мегӯяд, ҷонибдорияш аз тамдиди мӯҳлати ҷамъоварии имзо на ба хотири номзад буданаш, балки “барои ислоҳи кишвар ва ояндаи фарзандони якояки мост. Мо аз чизе тарс надорем. Агар метарсидем, аслан вориди интихобот намешудем.”
Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори саршиноси тоҷик, низ ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, мухолифи пешниҳоди оқои Ҳакимов будани худро изҳор кард. Ва дар суханронии худ аз ҷомеаи Тоҷикистон даъват кард, ки барои ҷамъоварии имзо ба гуруҳи ташаббускори ситоди интихоботии Бобоназарова кумак намоянд.
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон рӯзи душанбе гуфт, муҳлати ҷамъоварии имзоро ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ то 10 октябр дароз кардааст. Дар ҳоле ки қаблан муҳлати охирини ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ҳафтуми октябр таъин шуда буд. Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ то кунун ба тарафдории номзадаш беш аз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кардааст. Агар Кумисюни марказии интихобот муҳлати ҷамъоварии имзоро то се рӯзи дигар тамдид намекард, номзади ислоҳотхоҳон ва онҳое, ки 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъ наовардаанд, имкони сабтиноми худ ба ҳайси номзади расмиро аз даст медоданд.
Айни ҳол барои иштирок дар интихоботи президентӣ ҳафт нафар номзад шудаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва раҳбари Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, яке аз онҳост.