Миёни қурбониёни оташсузии Русия тоҷикон нестанд
Намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, миёни қурбониёни оташсузии ноҳияи Красногорски вилояти Маскав, ки шаби 5-уми октябр ба вуқуъ пайваст, шаҳрвандони Тоҷикистон нестанд.
«Муайян шуд, ки се нафари ба ҳалокатрасида ва ду тан ҷароҳатбардошта шаҳрванди Узбакистонанд»,-омадааст дар иттилоияи хадамот.
Қаблан расонаҳо навиштанд, ки дар пайи сухтор дар шаҳраки Илинское-Усовои ноҳияи Красногорск се шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. аммо дар иттилояи гуфта мешгавад, ки «Саид Боев, муовини намояндаи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба беморхонаи № 1-и Красногорск, ки маҷруҳон интиқол ёфтаанд, рафта бо хешовандони онҳо суҳбат кард. Маълум гардид, қурбониён ва захмиён табааи Узбакистонанд».