Додгоҳ барои "нопадид шудани" Низомхон Ҷӯраев Русияро ҷарима баст
Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар аз иддаои Анна Ставитская, вакили мудофеи Низомхон Ҷураев, тоҷир ва собиқ намояндаи мардумии тоҷик ҳимоят карда, давлати Русияро ба пардохти ҷарима маҳкум намуд.
Бар асоси матни қарори Додгоҳи Аврупо оид ба ҳуқуқи башар, ки дар торнамои ин ниҳод нашр гардид, ин додгоҳ гуфтааст, мақомоти қудратии Русия бо боздошт кардани Ҷураев чанд соли пеш дар Маскав Конвенсияи Аврупо оид ба ҳуқуқи башарро нақз кардааст.
Ин ниҳоди судии Аврупо мегӯяд, Русия бояд, дар давоми се моҳ ба маблағи 30 ҳазор евро ҷуброни маънавӣ ва 12 ҳазор еврои дигар ҳамчун хароҷоти судӣ пардохт кунад: “Агар дар муҳлати муқарраргардида ин товонҳо пардохт нашаванд, Маскавро бо муҷозотҳои дигар интизор хоҳад буд.”
Додгоҳи Аврупо баъд аз омӯхтани қазияи ғайб задани Ҷӯраев дар Русия ва зуҳураш дар Душанбе қарор кардааст, ҳар чанд ҷониби Русияро дар рабуда шудани Ҷураев гунаҳгор намеҳисобад, вале дар мавриди он, ки барои истирдоди тоҷири тоҷик ба Ватанаш монеъ нашудаааст, ин кишварро ба нақзи конвенсия оид ба ҳуқуқи башари Аврупо муттаҳам намуда, мегӯяд, ҳадди ақал бояд Маскав қазияи нопадид шудани Ҷураевро аз Русия тафтиш менамуд. Инчунин Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо мегӯяд, ҳангоми боздошти Ҷураев низ ба мақомоти рус ба вайрон намудани талаботи банди 4-и модаи 5-и конвенсия роҳ додаанд. Зеро тибқи ин банд бояд ба шаҳрвандони боздоштшуда ҳаққи баррасии сареи қонунӣ будани боздошташро дода шавад.
Низомхон Ҷӯраев, ки ӯро дар Тоҷикистон бо чанд иттиҳом, аз ҷумла даст доштан дар куштор, азхудкунии маблағ ва таъсиси гуруҳи ғайриқонунии мусаллаҳ муттаҳам медонанд, 18-уми августи соли 2010 дар яке аз минтақаҳои шаҳри Маскав аз сӯйи пулиси Русия бо дархости ҷониби Душанбе боздошт гардида буд. Додгоҳи олии Русия дар он замон ба қароре омада буд, ки ӯро ба ватанаш истирдод кунад. Вале дар пайи эътирозҳои шадиди ҳуқуқшиносон аз ин қарори худ даст кашид.
Дар ибтидои соли 2012 Ҷураевро аз боздоштгоҳи Зеленогради Русия раҳо намуданд. Вале баъд аз чанд муддати беному нишон гардиданаш нохост дар Тоҷикистон аз худ дарак дод. Ӯ тариқи телевизионҳои давлатии кишвар гуфта буд, ки ба Ватан бо хоҳиши худ омадааст, то ба мақомот таслим шавад. Ба гуфтаи Ҷураев, гӯиё ӯ аз Русия тариқи қаламрави Қазоқистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон омадааст. Вале ба навиштаи расонаҳои хабарӣ Низомхон Ҷураев аз тарафи чанд тан аз ҳамватанони худ рабуда, ба Ватан оварда шудааст.