Дастдарозии як устоди 60-сола ба номуси ду хонандаи мактаб
Мақомоти пулиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон як омӯзгори 60-солаи мактаби рақами ҳашти ин ноҳияро ба гумони дастдарозӣ ба номуси ду толиба боздошт кардаанд.
Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, бо тасдиқи ин хабар гуфт, ҳоло бар асоси қисми дуи моддаи 142-и Кодекси ҷиноӣ алайҳи Маҳмадхӯҷа Бобохӯҷаев парванда боз шудааст. “Тафтиши қазияро додситонии ноҳияи Восеъ ба ӯҳда дорад, ки ҳанӯз хулосаашро ба мо надодааст",-афзуд ӯ.
Оқои Асадуллоев мегӯяд, ин омӯзгори шастсола нисбат ба ду хонандаи синфҳои ибтидоӣ, ки яке даҳсолаву дигарӣ нуҳсола будаанд, амалҳои шаҳвонидоштаро раво медидааст. Вай гуфт, ҳоло онҳо дар бораи духтарони ҷабрдида ва ҷузъиёти ин ҳодиса наметавонанд маълумоти бештаре ироа кунанд, чун ба қавли ӯ, “ин иттилоъ метавонад ба ҳаёти минбаъдаи духтарон сахт халал расонад”. Манбаъ дар посух ба суоли он ки оё чунин ҳодисаҳо дар солҳои охир зиёд шудаанд, ё камтар, гуфт, “дар ҳоли ҳозир дар ин бора маълумоти дақиқ надорам. Вале аз рӯи мушоҳидаҳо гуфтан мумкин аст, ки чунин ҳодисаҳо кам нашудааст”.
Соли гузашта додгоҳи вилояти Хатлон як омӯзгори 32-сола аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро барои дастдарозӣ ба номуси шогирдони хурдсолаш ба 25 соли зиндон маҳкум карда буд. Волидони чанде аз хонандагони мактабе дар деҳаи Қулсанги ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гуфта буданд, ки ин омӯзгор ду соли охир нисбат ба шаш духтари хурдсол, ки дар синфи дуюм мехондаанд, амалҳои бадахлоқонаро раво дидааст.