Ҷавоби Насибҷон Амонӣ, хабарнигори тоҷик, ба “Салимбойбача”
Як гурӯҳ аз хонандагони мо дар бораи бозгашт ба хатти порсӣ, ки аз тарафи Луқмон Бойматов дар як ҳамоише дар Суед (Шветсия) пешниҳод шуда ва хулосаи он дар ozodagon.tj нашр шуд, баҳс мекунанд. Агар як гуруҳ мухолифи бозгашт ба ин хатту хулосаи Бойматов ҳастанд, иддае, баръакс, аз он тарафдорӣ мекунанд. Ахиран як номаи комилтаре аз тарафи Насибҷон Амонӣ, хабарнигори тоҷики муқими Қазоқистон, ба мо расид, ки онро нашр кардаву дигаронро низ ба ин баҳс мехонем: ozodagonweb@gmail.com
“Бисёр хуб мебуд, дар баҳси марбут ба хатти порсӣ ононе ҳаққи андешаронӣ дошта бошанд, ки аз ин хат огоҳ бошанд, вагарна, ҳама ҳарфи онон монанди суханони шахсе мешавад, ки худ аз илми тиб фарсахҳо дур асту даъвои давои мардум мекунад.
Бештари баҳскунандагон,ки худро бо номи бойбачаҳои кишвари ҳамсоя муаррифӣ мекунанд, монанди ҳамон "табиб"-ҳои навбаромад ҳастанд, ки мову забонамонро ба ҷойи даво кардан ба варта мебаранд... Ба гунае, ки ёд кардам, кишварҳои Туркияву Узбакистон, Озарбойҷон... на ба хотири дастёбӣ ба фанновариҳои навину илми пешрафта ба хатти лотинӣ гузаштанд ва мегузаранд, балки онон бо даъвати Туркия мехоҳанд, ҳама кишварҳои туркзабонро бо хатти лотинӣ зери як парчами туркӣ гирд оваранд. Ин идеяро ҳанӯз сад сол пеш пантуркистон ба миён гузошта буданд ва имрӯз онон дар кӯшиши ба иҷро расониданаш ҳастанд.
“Салимбойбача” (яке аз шарҳнависон худро чунин номидааст) ва бархеи дигар, Шумо мехоҳед, мо ба ҷойи ба хатти порсиамон баргаштаву бо бародарони эрониву афғонистонӣ пайванд шуда, дар якҷоягӣ нерӯманд гардидан ва рӯҳи Устод Рӯдакиву Фирдавсӣ ва Мавлонову Ҳофизу Саъдӣ ва дигар бузургонамон -- падару бобоҳои маънавии хешро шод кардан, ба хатти лотинӣ гузашта худро ба оғӯши туркҳо андозем ва зудтар аз байн бибарем?!
Ман дар бораи бартариҳои хатти порсӣ далели бисёр намеорам, танҳо чанд нуктаро баён мекунам. Ба ин хат ва забон беҳтарин асарҳои адибони ҷаҳон тарҷума ва нашр шудаанд, ки мо сирилликхонон ҳатто номи он адибонро ҳам намедонем; ба хатти форсӣ беш аз 1000 торнамо (сайт) ҳаст ва шумори он дар ҳоли афзоиш мебошад. Танҳо дар торнамои Ганҷур тамоми осори ҳама бузургони адабиёти форс - тоҷик (беш аз 50 адиби машҳур) гирд оварда шудаанд ва нуктаи дигар ин ки дар Донишномаи озод (Энсиклопедияи интернетӣ) ба хатти форсӣ наздик ба 220 ҳазор мақола гирд оварда шудааст ва медонед, ба хатти сириллик мо Дар Донишномаи озод чӣ қадар матлаб дорем -- хамагӣ даҳ ҳазор...
Ба андешаам, дигар дар ин маврид ҳоҷат ба дарозо кашидани сухан нест ва ба ҳар тоҷики худогоҳ бояд рӯшан бошад, ки мо ба ҷуз аз бозгашт ба хати ниёконамон -- форсӣ дигар роҳи наҷот надорем. Дигар бархӯрд барои мо фарҷоми бас ногувор дорад ва ба истилоҳ "он роҳ, ки ту меравӣ ба Туркистон аст".
Ҳама тоҷикони Афғонистон, ки шуморашон беш аз 12 миллион аст ва бародарони эрониамон, ки беш аз 85 миллионанд, низ мехоҳанд, ки мо ҳарчи зудтар ба хатти ниёконамон баргашта, барои пайванди қавӣ ва нерӯманд кардани ҳамдигар ёрӣ расонем.
Насибҷон АМОНӢ,
журналист”