Муроҷиати волидон ба президент дар бораи “облава” (ВИДЕО)
Имрӯз, 7-уми октябр, дар шабакаи интернет ба унвонии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, аз номи як гуруҳ волидон аз ноҳияи Бохтар мактуби кушоде нашр гардид, ки оиди ҳодисаҳои “облава” нақл мекунад.
Дар нома сокинони ноҳияи Бохтар аз рафти маъракаи “облава” норозигии худро ба Эмомалӣ Раҳмон иброз медоранд. Дар нома бо арзи салом аз ҷумла омадааст, “мо як гурӯҳ падару модарон аз ноҳияи Бохтар арзу шикоятамонро ба кӣ гӯем? Моро давлати озод мегӯянд, не озодӣ дар худи болонишинҳо аст. Оё “облава” озодист? Шаб ба хонаҳои бечорагон даромада болохона, ошхона, оғилу таппакхона, ва ҳатто сандуқҳоро чапаву роста мекунанд. Ин магар озодӣ ҳаст?”
Дар нома аз Эмомалӣ Раҳмон дархост шудааст, ки ба ин масъала расидагӣ кунад, зеро “облава”нақзи қонун аз ҷумла, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ (моддаи 316-и КҶ), ғайриқонунӣ дастгир ё ҳабс намудан (моддаи 358), вайрон намудани дахлнопазирии манзил (моддаи 147) мебошад.
Даъвати наваскарон дар Тоҷикистон бо фармони раисиҷумҳур аз 1-уми октябр оғоз гардида, то охири ноябр идома хоҳад дошт. Дар пайи судури фармон шикояти шаҳрвандон аз ҳолатҳои облава дар кишвар боз афзоиш ёфтааст.