КМИР муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро дароз кард
Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР), имрӯз, 7-уми октябр дар як ҷаласаи худ, муҳлати ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳоро 3 рӯз тамдид кард.
КМИР муҳлати охирини ҷамъоварии имзоҳо ба тарафдории номзадҳоро соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр муайян намуд. Ин қарор ба гуфтаи масъулони КМИР бо дархости Ҳизби демократ, Ҳизби сотсиалистӣ ва коммунистии Тоҷикистон қабул шудааст.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР мегӯяд, тибқи қонун маъракаи имзоҷамъкунӣ ба тарафдории номзадҳо бояд 25 рӯз пештар аз баргузории интихобот анҷом ёбад ва чун чунин рӯзҳои захиравӣ буданд, КМИР ин муҳлатро дароз кард. КМИР мегӯяд, дар дар таҷрибаи интихоботҳои гузашта ҳам ду бор маъракаи имзоҷамъкунӣ тамдид шуда буд.
Ин дар ҳолест, ки то ҳол аксари номзадҳо ба мақоми раёсати ҷумҳури Тоҷикистон 210 ҳазор имзои заруриро ҷамъоварии накардаанд. Исмоил Талбаков, номзад аз Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, то кунун ба тарафдории ӯ 206 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст. Вай афзуд, бархе аз масъулони минтақавии ситоди интихоботии Ҳизби коммунист ҳанӯз аз сабаби дурии роҳ ҳанӯз натавонистаанд, тамоми варақаҳоро ба қароргоҳи марказии ҳизбаш расонанд.
Олим Бобоев, номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ҳам мегӯяд, шумораи имзоҳои ҷамъоваришуда ба ҷонибдорияш ба 205 ҳазору 300 имзо расидааст. Абдуҳалим Ғаффоров, номзади Ҳизби сотсиалист, мегӯяд, ҳарчанд то муҳлати ниҳоии ҷамъоварӣ имзо ба тарафдорияш 198 ҳазор имзо ҷамъ шудааст, вале аз КМИР умедвор аст, ки дархости аҳзоб дар мавриди тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоро қабул мекунад.
Масъулони ситоди интихоботиии Ойниҳол Бобоназарова, номзади ислоҳотхоҳон ва Саидҷаъфар Исмонов, номзад ба мақоми президентӣ аз Ҳизби демократ дар суҳбат ба “Озодагон” изҳор доштанд, ки ҳоло шумораи дақиқи имзоҳо ба тарафдории эшон муайян нест. Ба қавли онҳо, интизор меравад, то нимаи дуюми ҳафтуми октябр шумораи дақиқи имзоҳо эълон шавад. Аммо дар ин миён танҳо ба тарафдории Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ ва нмозад аз Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, бештар аз 220 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.
Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳоло номи 7 довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ маълум шудааст. Бар асоси қонуни интихобот ҳар кадоме аз номзадҳо бояд 210 ҳазор имзоӣ ҷамъоварда, сипас худр дар Кумисюни марказии интихобот сабтином намоянд.
Дар акс: Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ