Изҳороти устодони Донишгоҳ ба ҷонибдории Раҳмону ба муқобили Зоиров
Ҳуқуқшиносони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, изҳороти Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ-ро, ки ахиран пешбарии номзадии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури феълиро дар интихоботи соли 2013 шикасти Сарқонун гуфт, беасос хонданд.
Устодони ДМТ-Маҳмудов И.Т, Азизов У.А ва Раҷабов.М бо пахши як изҳорот таъкид доранд, ки тибқи муқаррароти интиқолии Сарқонуни Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳақ дорад, боз президент шавад: “Дар банди сеюми муқаррароти интиқолии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки: «Интихоботи пай дар пайи Президент барои ду мӯҳлат, ки дар қисми чоруми моддаи 65 пешбинӣ шудааст, баъд аз ба охир расидани ваколати Президенти амалкунанда оғоз меёбад». Дар моддаи 65 омадааст, ки як шахс ба вазифаи Президент бештар аз ду мӯҳлат пай дар пай интихоб шуда наметавонад. Аз мазмуни ин муқаррарот чунин бар меояд, ки шахсе, ки соли 1999 ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст, пас аз анҷоми муҳлати ваколаташ (баъд аз гузаштани муҳлати 7-сола) метавонад номзадиашро барои интихоб шудан ба мансаби Президент барои ду мӯҳлати минбаъда пешниҳод намояд. Ба назари мо ин қисмат аз ин беш дигар мазмуне надорад.”
Ҳуқуқшиносон бо зикри ин муқаррарот таъкид мекунанд, ки пешниҳоди номзадии Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми президентӣ бо назардошти риояи тамоми муқаррароти Қонуни асосии кишвар роҳандозӣ шуда, ба ҳеч ваҷҳ ин амал наметавонад, ки «инкор ва шикасти Сарқонун» бошад. Устодони ДМТ афзудаанд, ки мувовиқи муқаррароти моддаи 1-уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» шаҳрванди Тоҷикистон, ки синнаш аз 35 кам нест, забони давлатиро медонад, камаш 10 соли охир дар Тоҷикистон зиндагӣ карда, дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошад, Президент интихоб шуда метавонад.
Номзадии Эмомалӣ Раҳмон, ки беш аз 20 сол зимоми қудратро дар Тоҷикистон дар даст дорад, ахиран аз ҷониби Ҳизби ҳокими халқӣ-демократии Тоҷикистон ва инчунин Федератсияи иттифоқхои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Аммо Раҳматилло Зоиров, раиси ҲСДТ ва роҳбари консорсиюми юридикии Тоҷикистон аз Эмомалӣ Раҳмон хост, розигияшро ба президентии дигарбора надиҳад, зеро он шикасти Сарқонун мебошад.