Толибон дар Афғонистон Аморати исломӣ месозанд?
Баъди хуруҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон Толибон дар ин кишвар Аморати исломӣ месозанд. Дар ин бора яке аз пешвоёни ҳаракат Қорӣ Насрулло дар мусоҳибае ба Daily Mirror хабар додааст.
Қори Насрулло, ки раҳбарии ҳаракати “Толибон” дар музофоти Кунорро бар уҳда дорад, гуфтааст: «вақте неруҳои ғарбӣ хоки Афғонистонро тарк мекунанд, дар кишвар тартиботи куҳна барқарор ва Аморати исломии Афғонистон сохта мешавад”.
Ба гуфтаи ӯ, мулло Муҳаммад Умар, пешвои “Толибон” ҳам барои раҳбарӣ кардани кишвар вориди Афғонистон мешавад.