Тахриби бозори Ҳисор, додхоҳии тоҷирон ва вокуниши Усмон Сабзов (АКС)
Алишер ЗАРИФӢ
Тахриби бозори фурӯши масолеҳи сохтмонии шаҳри Ҳисор, ки тӯли 3 рӯз боз идома дорад, тоҷиронро нигарон кардааст. Чанд тан аз тоҷирони ин бозор 5-уми октябр дар суҳбат ба “Озодагон” иброз намуданд, ки масъулин онҳоро огоҳ кардаанд, то ҳар чӣ зудтар масолеҳи сохтмонии худро аз бозор ба ҷои дигар кӯчонанд. Вагарна “бо булдозер мағозаҳояшонро чаппа хоҳанд кард”.
Бархе тоҷирон мегӯянд, масъулини бозор сабаби тахриби фурӯшгоҳҳоро ба онҳо дақиқ нафаҳмонда ва макони дигаре низ барои онҳо пешниҳод накардаанд. Дар ҳоле ки ба қавли савдогарон, мебоист каме дуртар бозори нави фурӯши масолеҳи сохтмонӣ бунёд мешуд, аммо феълан сохтмони он идома дорад ва барои қабули тоҷирон омода нест.
Яке аз тоҷирони бозори мазкур, ки худро Тоҷиддин муаррифӣ кард, гуфт, ҳоло ҳайрон аст бори худро куҷо барад, чун масолеҳи сохтмонии ӯро, ки чӯбу тахта аст намешавад дар хонааш ҷой дод: “Баъзе борҳои худро ба хонаашон бурда истодаанд. Ҳавлии хонаи мо хеле хурд аст ва ин қадар бор намеғунҷад. Ба мо гуфтанд ба куҷое, ки мебаред зудтар ҷойро холӣ кунед.”
Бархе аз савдогарон барои қатъ нагардидани тиҷораташон масолеҳи сохтмонияшонро ба бозори “Балх” интиқол медиҳанд. Ба гуфтаи онҳо, ин кор бо хароҷоти зиёд сурат мегирад. Бар асоси иттилои тоҷирон дар бозори мазкур ҳудуди 500 мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ буда, бо чунин шева тахриби бозор зарбаи сахти молӣ ба ҷайби савдогарон аст.
Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор ба “Озодагон” гуфт, ба муносибати 3 ҳазорсолагии Ҳисор нақшаи генералии шаҳр тасдиқ шуд, ки дар ҷои бозори масолеҳи сохтмонӣ бояд иншооти замонавӣ, ба вижа манзилҳои 8-9-қабатаи истиқоматӣ ва мактаб барои 700-800 хоҷагӣ сохта шавад. Номбурда илова намуд, “дар ин бозор тоҷироне ҳастанд, ки дар вақташ ин маконро бо роҳи ғайриқонунӣ тасарруф намудаанд”. Усмон Сабзов таъкид кард, “тоҷирони бозор дар дигар ҷойҳо 2-3 макон доранд, бигузор масолеҳи сохтмонии худро ба он ҷойҳо баранд”. Раиси ноҳияи Ҳисор дар идома афзуд, феълан сохтмони як бозори дигар идома дорад ва дар сурати анҷом ёфтани сохмони он тоҷирон метавонанд масолеҳи худро ба он ҷо интиқол диҳанд.
Аммо тоҷирон мегӯянд, ҳоло аз анҷомёбии сохтмони бозоре, ки Усмон Сабзов дар назар дорад, дараке нест ва мушкили аслӣ барояшон набудани макони фурӯш ва қатъ гардидани тиҷорат аст. Ба гуфтаи онҳо, ҳайронанд, ки пеши кӣ арзу шикоят баранд.