“Ҳама хуб медонад, ки узбакҳо вақти ба $50 ҳазор расидани қарз газро қатъ мекунанд”
Дар ҳоли ҳозир қарзи ширкати «Қирғизгаз» қариб ба 12 миллион доллар мерасад. Дар ин бора Турғунбек Қулмирзоев, директори генералии ин ширкат зимни ҷаласаи ситоди омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистони соли 2013-2014 хабар додааст.
Ба қавли ӯ қарзи «Қирғизгаз» аз ширкати «КазТрансГаз»-и Қазоқистон 11 миллиону 900 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. «Аз ширкати «Узтрансгаз» бошад, 37 ҳазор доллар қарздорем. Имрӯз 100 ҳазорашро ба онҳо додем. Ҳама хуб медонад, ки узбакҳо дар сурати ба 50 ҳазор доллар расидани қарзашон газро қатъ мекунанд», - афзудааст ӯ.