Футболбози тоҷик дар премер-лигаи Озaрбойҷон ба дарвозаи ҳариф гол зад
Соҳиб Саванқулов, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол, ки дар ҳайати клуби “Реван”-и Боку бозӣ мекунад, дар даври 9-уми премер-лигаи Озарбойҷон ба дарвозаи ҳариф гол зад.
Ҳарифи “Реван" тими “Хазар-Лянкарян” буд ва бозӣ мусовӣ-1:1 анҷом ёфт. Футболбози тоҷик дар дақиқаи 19-ум ҳисобро боз кард. Ин нахустин голи ӯ дар ҳайати клуби Озарбойҷон мебошад.
Баъди нуҳ давр “Реван” бо панҷ имтиёз дар зинаи нуҳуми ҷадвали мусобиқот қарор дорад.
Гуфтанист, Соҳиб Саванқулов ба бозии дӯстонаи тими миллии Тоҷикистон ва мунтахаби Қирғизистон, ки 15-уми октябр дар Бишкек доир мегардад, даъват шудааст.