Интихоботи имсол аз интихоботи 2006 чӣ фарқ дорад?
Олим Бобоев, номзад ба мақоми президетӣ аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ:
“Аввал ин ки сатҳи тафаккури ҷомеа пеш рафтааст ва дувум, ин дафъа 7 ҳизб ширкат дорад. Барои мардум интихоби ин ё он номзад васеъ аст. Дар ҳавзаҳои интихоботӣ ҳамроҳи намояндагони маҳаллӣ ва хориҷӣ намояндагони аҳзоб низ иштирок мекунанд. Яъне, раванди интихобот нисбатан боло рафтааст. Аъзои аҳзоб ҳам чанд баробар зиёд шудааст.”
Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ:
“Эҳсос накардам, ки интихоботҳои пешина аслан интихобот буд, чун дар байни онҳое, ки дар интихобот номзад шуда буданд, мусобиқаву талоши онҳоро намедидам. Танҳо Абдуллоҷонов тавонист бо Раҳмон як рақобати воқеиро тибқи қонун ба намоиш гузорад. Ҳатто агар дар ёд дошта бошед яке аз номзадҳо дар охирин интихоботи раёсатҷумҳурӣ гуфт, ки ман аз тарафдоронам хоҳиш мекунам, то ба ҷаноби Раҳмон овоз диҳанд ва мо ягон фарқияти номзадҳоеро, ки буданд, надидем. Албатта, як кӯшишҳое аз ҷониби коммунистҳо буд ва барномаи онҳо аз дигар номзадҳо фарқ дошт. Аммо интихоботи пешорӯ аз рӯзҳои аввал маълум шуд, ки интихоботи содда нест ва мардум ислоҳот мехоҳанду онҳо як иттиҳод ташкил кардаанд. Барои ҳамин дар ВАО мебинем, ки дар муқобили номзади ислоҳотхоҳон ва ҲНИТ чи қадар қонуншиканиҳоро ниҳодҳои давлатӣ раво мебинанд. Фарқияти ин интихобот дар ин аст, ки гурўҳе аз зиёиён пайдо шуда хоҳони ислоҳот шуданд, зеро дигар интавр зиндагӣ карда намешавад. Ин як навигарии калон аст. Фарқи севум ин аст, ки як ҳизби исломӣ як хонумро пешниҳод кард, ки чунин таҷрубае дар ҷаҳон нест.”
Усмон Солеҳ, сардори шӯъбаи таблиғоти ҲХДТ:
“Аз як интихобот то дигар интихобот мо ба такмили демократия муваффақ мешавем ва он камбудҳое, ки дар интихоботҳои гузашта буд, мақомоти дахлдор кӯшиши ислоҳ кардани онро мекунанд, то ба баргузории як интихоботи озоду шаффофу демократӣ муваффақ шавем. Дар ин интихобот назар ба интихоботҳои пешина 7 номзад пешниҳод шудааст ва ҳар як интихобкунанда имконият дорад ба номзаде, ки худ мехоҳад, овоз диҳад.”
Абдуҳалим Ғаффоров, номзад аз Ҳизби сотсиалистӣ:
“Интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2013 баргузор мегардад, куллан аз интихоботи соли 2006 бояд фарқ кунад. Аммо ин фарқият ҳам сабабҳои худро дорад: аввалан фарҳанги сиёсии мардуми Тоҷикистон нисбат ба соли 2006 хеле боло рафтааст. Дувум, кӯдаконе, ки ҳанӯз дар давраи истиқлолият таваллуд шуда буданд, ба синни 22 расиданд ва диди онҳо нисбати интихобот тамоман дигар аст. Аз ин лиҳоз интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон бояд нисбат ба интихоботҳои пешина мураккабтар, ҷиддитар ва шаффофтар гузарад. Ман бовар дорам, ки интихоботи президентии қарибулвуқуъ як такони ҷиддие барои интихоботҳои оянда ва ҳаёти кишвар хоҳад буд. Аз ҳамин назар интихоботи имсола фарқи ҷиддӣ дорад.”
Саъидҷаъфар Исмонов, номзад аз Ҳизби демократ:
“Мо дар интихоботи соли 2006 машғул набудем, вале муносибати КМИРТ дигар аст. Пештар як китоби кабуд буд, ки дар он фақат дар бораи аҳзоби сиёсӣ гап мерафту тамом. Ягон тавсия набуд дар интихоботҳои қаблӣ. Вале имрӯз 7 намуд тавсия ҳаст ва ҳамагуна мушкилоте, ки пайдо мешванд, метавон бо ин тавсияҳо бартараф кард. Муносибат ҳам акнун дуруст аст ва 1 саволро 10 бор ҳам лозим шавад, метавонем занг зада пурсем. Дар ноҳияе агар мушкил пеш омад, КМИРТ метавонад бо як телефон масъаларо ҳал намояд.”
Исмоил Талбаков, номзад аз Ҳизби коммунист:
“Назар ба интихоботи қаблӣ шумораи интихобкунандагон зиёд гашта, дар ҷамъоварии имзо барои тарафдории номзадҳо каме мушкилӣ пайдо шудаасту бояд 210 ҳазор имзо ҷамъ намоянд. Дар интихоботи гузашта ҳангоми пайдоиши мушкилот оид ба ҳар масъала мо ба комиссияи марказӣ имконияти сари вақт руҷуъ намудан ба ҳалли масъаларо надоштем. Инак, ҳар камбудие, ки мешавад агар кормандони ҳизб онро ҳал карда натавонанд ба КМИРТ муроҷиат мекунанд ва масъала ҳалли худро меёбанд. Масъалаи севвум, бевосита дар ҷарёни гузаронидани интихобот гурўҳҳои ташаббускор пайдо шудааст, ки ин гурўҳҳо алъон барои ҷамъоварии имзоҳо мусоидат карда истодаанд. Аз ҲКТ 445 нафар ба ин кор машғул ҳастанд. Беҳтар аст телевизион баҷои таблиғоти зиёдатии масъалаҳои гуногун каме дар бораи ҷамъоварии имзоҳо мардумро фаҳмонанд, то дар ин раванд мушкилот пайдо нашавад, то мардуми зиёде, ки аз телевизион истифода мебаранд дар ин ҷарён фаъолтар шаванд.”