Нигаронии муфтиёт аз афзоиши дуздӣ дар Масҷиди марказӣ
Домулло Сайид Акбар, муовини сархатиби Масҷиди марказии шаҳри Душанбе, аз рух додани ҳолатҳои дуздӣ дар ин масҷид иброзӣ нигаронӣ намуда, аз ҷавонони кишвар хост, аз ингуна амалҳои нанговар даст кашанд.
Домулло Сайид Акбар, ки рӯзи 4-уми октябр ҳангоми намози ҷумъа дар Масҷиди марказии Душанбе дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, чанде қабл ба ӯ ҷавоне аз рабуда шудани ҷузвдон ҳамроҳ бо маблағу телефони мобилиаш дар таҳоратхонаи ин масҷид шикоят бурдааст. Ӯ мегӯяд, ин ҷавон баъд аз чанд муддат ҷузвдони худро холӣ аз хиёбони наздикии масҷид ёфтааст.
Муовини сархатиби масҷиди марказӣ мегӯяд, дуздида шудани ашёи намозгузорон бори аввал нест: “Имрӯзҳо пеши мо одамон меоянд, шикоят мекунанд, ки ҷузвдон ё пойафзоли онҳоро аз масҷид дуздидаанд.” Домулло Сайид Акбар бо овардани иқтибос аз ҳадисҳои паёмбар илова намуд, агар инсоне тамоми ибодатҳои фармудашударо иҷро карда бошад, вале болои ӯ ҳаққи инсони дигар, яъне ашёи касеро гирифта бошад, Худованд ҳаргиз ӯро нахоҳад бахшид: “Аз ин рӯ, аз ҷавонони азиз хоҳиш менамоям, аз ингуна амалҳои зишт даст бардоранду пеш аз анҷоми ин корҳо боре қазоват кунанд, ки агар моли онҳоро дузданд, чӣ мешавад?”
Муовини сархатиб аз он ибрози таассуф менамояд, аксари одамҳое, ки дар ин масҷид ашёашонро медузданд, донишҷӯён мебошанд: “Дар ҳоле пулу ҷузвдонҳои донишҷӯёнро медузданд, ки онҳо худ толибилманд ва ниёз ба кумак дорад.” Бояд гуфт, нигаронӣ аз рух додани ҳолатҳои дуздӣ дар Масҷиди марказии шаҳри Душанбе дар ҳолест, ки тамоми бинои масҷид, бахусус таҳоратхонаи он, аксаран ингуна ҳолатҳо дар онҷо сар мезананд, дурбинҳои назоратӣ насб карда шудааст. Атовуллоҳи Қосим, сухангӯи Шӯрои уламои Тоҷикистон низ қаблан сар задани ҳолатҳои дуздӣ дар масҷиди марказиро таъйид карда, гуфта буд, масъулини масҷид барои пайдо кардани ашёи гумшудаи намозгузорон ҷавобгар нестанд: “Мо метавонем, танҳо навори ҳолати дуздиро, ки агар воқеан ҳам рух додаву сабт шуда бошад, ба соҳиби ашё ироа кунем ва ӯ метавонад аз рӯи ин сабт ба мақомоти пулис муроҷиат карда, моли худро пайдо кунад.”
Вақтҳои охир хабарҳои сар задани дуздӣ дар масҷиди марказии Душанбе мунтазам садо медиҳанд. Аз ҷумла, чанде қабл ҷавоне бо номи Абдуваҳҳоб, яке аз намозгузорони тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфта буд, рӯзи 16-уми август дар таҳоратхонаи масҷиди марказии Душанбе ҷузвдони ӯро ҳамроҳ бо ҳуҷҷатҳояш рабудаанд.