Дар Туркманистон 125 ҳавзаи интихоботӣ таъсис дода мешавад
Комиссияи интихоботии Туркменистон дар мавриди таъсиси ҳавзаҳои интихоботӣ барои овоздиҳии моҳи декабр қарор кардааст.
15-уми декабри соли 2013 дар ин кишвар интихоботи парлумонӣ баргузор мешавад. Дар робита, дар қаламрави ҷумҳурӣ 125 ҳавзаи интихоботӣ, аз ҷумла дар Ашхобод (15) вилоятҳои Ахал (15), Балкан (10), Дашогуз (27), Лебап (28) ва Марий (30) созмон меёбад.
Интизор меравад, аз 5-уми октябр маъракаи пешазинтихоботӣ оғоз шавад. Аз 16-уми октябр то 14-уми ноябр пешниҳоди номзадҳо сурат гирифта, раванди бақайдгирии онҳо аз 26-уми октябр то 20-уми ноябр идома хоҳад кард.