VIDEO: Бобои Файз дар бораи "Очата бугу", дӯстӣ бо президент ва рэп
Файзиддин Сулаймонов, маъруф ба Бобои Файз, ки чанд соли охир бо таронаи “Очата бугу” маъруф аст, ният дорад, таронаи наверо бо номи “Аммаи ман хушрӯай” ба бозор барорад. Ӯ гуфт, ҳоло 73-сола аст ва аз он ки дар пиронсолӣ мавриди таваҷҷуҳи раисиҷумҳуру сокинони одӣ қарор гирифтааст, хушҳол мебошад.
Аммо Бобои Файз хабари мулоқоти рӯбарӯяш бо раисиҷумҳури Тоҷикистон ва, ҳамин тавр, тақдими як манзили истиқоматӣ дар маркази Душанбе аз сӯи ӯро рад кард. Агарчӣ, ба гуфтаи вай, онҳо аз даврони ҷавонӣ дар Данғара бо ҳам ошноянд: “Дар он вақт ман дар театри Данғара ҳунарнамоӣ мекардам. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳайси раҳбари колхоз кор мекарданд ва маҳорати маро медиданду бо ҳамдигар рафиқ шудем. Маро ҳамчун директори лагери “Сайёд” интихоб карданд ва баъдан аз ҳамин ҷо ба нафақа баромадам.”
Мусоҳиби мо мегӯяд, дар чанд соли пеш ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф шуда ва пеши худ мақсад гузошта буд, дигар таронасароӣ намекунад. Аммо ба қавли Бобои Файз, вақте бо раисиҷумҳур дар ифтитоҳи нақби “Шаршар” вохӯрд, тасмимашро сарфи назар кард: “Аз ман пурсиданд: суруд мехонӣ, ё не? Фикр кардам, сурудхонии ман ба ягон кас халалу зарар намерасонад. Баъдан таваҷҷуҳи саросарӣ дар кишвар маро дубора дар санъат зинда кард ва оҳиста-оҳиста роҳ ба сӯи телевизионҳо ҳам кушода шуд.”
Бобои Файз мегӯяд, дар хурдӣ аз падар маҳрум монда, зери дасти модар ва падарандар тарбия ёфтаааст. “Баъд маро ба хона-интернати Файзобод супориданд. Ман дар он ҷо дар маҳфилҳо сурудхонӣ карда мегаштам. Дар як озмун иштирок карда, пирӯз шудам ва ба мактаби мусиқии Душанбе омадам”,-нақл кард ӯ. Вай дар идома ба таърихи пайдошавии таронаи “Очата бугу” ҳам дахл кард ва гуфт, “дар ҷавониям ба як духтар дил бастам. Мо оила барпо карданӣ шудем, аммо модари он духтар розӣ нашуд. Маро дар кӯчаҳо медид, мегуфт, “духтарамро ба ту намедиҳам”. Дидам, ки модараш кори моро вайрон кард, ҳаҷви “Очата бугу”-ро эҷод кардам ва ин ҳаҷв ба халқи кишвар ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, писанд омад. Раисиҷумҳур баъдан ба Убайдулло Раҷабов гуфтанд, ки ин ҳаҷви “Очата бугу” матнаш ба шоирон пешниҳод карда шавад ва бо каме тағйирот бояд дуэт кунем.”
Файзиддин Сулаймонов гуфт, баъд аз он ки расиҷумҳур дар мазҳари ом таваҷҷуҳаш ба таронаи ӯро баён дошт, муносибати мардум ҳам ба ӯ тағйир кардааст: “Акнун мардум маро ба тӯю маъракаҳояшон зиётар даъват мекунанд, то ман ҳаҷве барояшон сароям.” Бобои Файз ба суоли он ки агар мабодо ӯро барои иҷрои як таронаи рэп даъват бикунанд, чӣ хоҳад гуфт, ҷавоб дод. “Рэп моли мо нест, агарчӣ ба ҷавонон хеле мақбул аст. Мусиқии мо Шашмақом аст”,- гуфт ӯ.
Бобои Файз мегӯяд, ҳарчанд таронаҳои ҳаҷвӣ месарояду дар пеши мардум ҳамеша лабонаш пурханда аст, вале ӯ ҳам мисли ҳазорон сокини дигар дарду андӯҳи худро дорад. Вай махсусан аз вазъи ҳамсараш ёдоварӣ крад, ки даҳ сол боз бемор будааст. “Вале бо ин ҳама ман ҳаргиз хаста намешавам ва талош мекунам, бештару бештар эҷод кунам”,-афзуд ӯ.