Ҳунарманди Ҳолливуд ба сандуқи хайрияи “Аяла” чек ба маблағи $233 000 тақдим кард
Антонио Бандерас, ҳунарманди маъруфи Ҳолливуд ба Сандуқи хайрияи “Аяла” барои тарҳи “Нафас бигир, дустрӯяк” чек ба маблағи 38 миллион танга, муобиди 233 ҳазор доллари амрикоӣ тақдим кардааст.
Айдана Сулеймонова, президенти фонди «Аяла» гуфтааст, ин маблағ барои харидорӣ ва насби таҷҳизоти зарурии тиббии марказҳои Уралск, Актау ва Туркистон масраф хоҳад шуд.
Ин таҷҳизот барои шӯъбаҳои эҳёгарии атфол харидорӣ мешавад ва асосан барои барои наҷоти кӯдакони қабл аз муҳлат таваллудшуда ва дигар мушкилоти навзодҳо пешбинӣ шудааст.