Пешгӯии хокбориш дар Душанбе
Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон охирҳои ҳафтаи оянда дар бархе аз навоҳии Тоҷикистон эҳтимоли чангу ғубор ва хокборишро пешгӯӣ мекунад.
Парвина Сайидҷамолова, мудири шўъбаи пешгўии обу ҳавои Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон ба “Озодагон” гуфт, айни ҳол дар Душанбе ҳарорати ҳаво то 35 дараҷа гарм буда, минбаъд ҳарорати ҳаво майл ба пастшавӣ хоҳад дошт: “Дар минтақаҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳи ҷумҳурӣ то 10-уми октябр боридани боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар водиҳо бошад бо вуҷуди тағйир ёфтани дамои ҳаво, боришот ниҳоят кам дар назар дошта шудааст. Рӯзҳои 8 то 10 уми октябри соли ҷорӣ дар Душанбе ва баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ хокбориш дар назар аст”.
Сарчашмаи хабар илова намуд, ки дар шаҳри Душанбе то 10-уми октябр ҳавои тағйирёбанда дар назар гирифта шуда, ҳарорат то 26-27 дараҷаро ташкил медиҳад.