Барномаи сафари Наришкин: Аз мулоқот бо Раҳмон то боздид аз пойгоҳ
Сергей Наришкин, раиси Думаи давлатӣ, маҷлиси поёнии парлумони Русия, шаби 6-уми октябр вориди Душанбе шуда, баъди мулоқот бо роҳбарияти ҷумҳурӣ аз пойгоҳи низомии 201 боздид хоҳад кард.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба «Озодагон» иттилоъ дод, ки Сергей Наришкин, субҳи 7-уми октябр дар пояи маҷмааи Исмоили Сомонӣ гул гузошта, пас аз он бо Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва соати 10:00 бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Тоҷикистон дидору гуфтугӯ анҷом медиҳад.
Ба иттилои манбаъ баъд аз зуҳри 7-уми октябр, Наришкин бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мулоқот намуда, аз пойгоҳи 201-и Русия дар хоки Тоҷикистон дидан мекунад. Баъди боздид аз Душанбе Наришкин ба Бишкек раҳсипор хоҳад шуд.