Дар Душанбе 12 сафири нав ба кор пардохтанд
Имрӯз, 4-уми октябр, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, 12 сафири навтаъиншудаи кишварҳои хориҷиро дар Душанбе ба ҳузур пазируфт.
Тавре Абдуфаттоҳ Шарифзода, сухангӯи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба “Озодагон” иттилоъ дод, Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла сафирони навтаъини Русия, Олмон, Белгия, Қатар, Урдун, Финляндия, Конфедератсияи Шветсария, Ҷопон, Шоҳигарии Тайиланд, Филиппин, Чехия ва Муғулистонро ба ҳузур пазируфта аз онҳо эътимоднома қабул кард.