Укроин иҷоза ёфт, ки мухлисонашро ба бозии интихобии МҚҶ-2014 даъват кунад
ФИФА, Федератсияи байналмилалии футбол ба Укроин иҷозат дод, дар бозии даври интихобии Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон бо Лаҳистон мухлисони тими миллияш ширкат намоянд. Дар ин бора Григорий Суркис, ноиби президенти УЕФА ва президенти фахрии Федератсияи футболи Укроин хабар додааст.
27-уми сентябр Кумитаи ахлоқии ФИФА эълон кард, ки тими миллии Украина дидораш бо мунтахаби Лаҳистонро бидуни тамошобин мегузаронад. Торнамои расмии Федератсияи байналмилалии футбол навишт, далели ин тасмим ба рафтори мухлисони яккачини Украина зимни бозӣ бо мунтахаби Сан-Марино марбут аст. Ин дидор 6-уми сентябр дар шаҳри Лвов баргузор шуда, тими Украина бо ҳисоби 9:0 пирӯз шуд. Ҳаводорони тими мизбон “пиротехника”-и мамнуъро истифода карда, ҳамчунин дар майдон лавҳаҳои мазмуни нажодпарастидошта овехтаанд.
Федератсияи футболи Украина ҳам барои ин амалҳои мухлисонаш 45 ҳазор франки швейтсарӣ ҷарима шуда, варзишгоҳи Лвов аз ҳаққи мизбонии бозиҳои даври интихобии мусобиқаҳои бузург то МҚҶ-2018 маҳрум шуда буд.
Дидори миёни мунтахабҳои Украина ва Лаҳистон 11-уми октябр баргузор мешавад.
Феълан, яккачини Украина бо 15 имтиёз дар зинаи дуюми даври интихобии гуруҳашон қарор доранд. Дар ҷои аввал мунтахаби Англия бо 16 хол нишастааст. Лаҳистон 14 имтиёз дошта ва дар зинаи чорум аст. То анҷоми даври интихобӣ ҳар даста ду бозии дигар анҷом медиҳад. Дастае, ки ҷои аввалро мегирад, мустақиман ба МҚҶ-2014 роҳ меёбад. Ғолиби ҷои дуюм ҳаққи ширкат дар бозиҳои иловагиро дарёфт мекунад.
МҚҶ тобистони соли оянда дар Бразилия баргузор мешавад.