Э.Раҳмон: “Агар аз боварии мардум набаромада бошам, қадр мекунанд”
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегӯяд, ҳоло дар бораи пешбарии номзадиаш ба мақоми президентӣ ризоият надодааст ва дар сурати пешниҳод шудан ҳам мардуми тоҷик медонанд киро интихоб намоянд.
Оқои Раҳмон, ки рӯзи 3-юми октябр зимни вохӯрии худ бо сокинони шаҳри Ваҳдат дар ин бора ҳарф мезад, гуфт, агар аз боварию эътиқоди мардуми тоҷик набаромада ва барои онҳо хидмате карда бошад, шаҳрвандони Тоҷикистон ӯро қадр хоҳанд кард: “Дар бораи шахсияти ман агар гап равад, ман фикр мекунам, мардуми кишвар хубу бад, рафтори неку зиштро мефаҳманд.”
Раисиҷумҳур таъкид дошт, ҳеч гоҳ ба қонуншиканӣ роҳ надодааст ва нахоҳад дод: “Ман даст болои Конситутсияи Тоҷикистон монда савганд ёд намудаам, ки ба қонуншиканӣ роҳ намедиҳам. Ман ҳоло ваколатам ҳаст.”
Эмомалӣ Раҳмон дар идома илова намуд, ҳоло аҳзоби сиёсӣ номзадҳои арзандаи худро ба мақоми президентӣ ба интихоботи моҳи ноябр пешниҳод намудаанд ва ҳама фарзандони ин кишваранд ва мардуми тоҷик бояд ҳуқуқи конситутсионии худро истифода карда, озодона овозашонро ба фарди дилхоҳ диҳанд: “Мо бояд имрӯз гӯем, ки чӣ кор кардем ва чӣ мушкилот дорему кадом корҳоро кунем, ки зиндагии халқамон беҳтар мешавад. Дар зиндагиамон кадом камбудиҳо ҳаст.”
Эмомалӣ Раҳмон, ки 61 сол дорад, то кунун дар се интихоботи президентии Тоҷикистон иштирок карда, баранда шудааст. Вай то замони такя задан ба ин курсӣ ду сол раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ҳам буд. Дар сурати иштирок ва пирӯзӣ дар интихоботи шашуми ноябри соли ҷорӣ вай барои бори чаҳорум раисиҷумҳури Тоҷикистон интихоб хоҳад шуд.