Иттилоъ дар бораи қаиқронҳои амрикоӣ “конфиденсиалӣ” эълон шуд
Сафорати Иёлоти Муттаҳида дар Тоҷикистон бо пахши як иттилоия дарёфти панҷ қаиқрони амрикоиро тасдиқ карда ва гуфт, ҳоло ин афрод дар Душанбе қарор доранд.
Бино ба иттилои сафорат, ба яке аз қаиқронҳои амрикоӣ машварати консулгарӣ зарур шудааст, ки он аз ҷониби намояндагии Амрико ба ӯ расонда мешавад. Сафорат аз додани иттилои бештар дар бораи ин гуруҳ худдорӣ карда, онро "конфиденсиалӣ" номид. Ин таъкид дар ҳолест, ки расман ин гуруҳ қаиқронҳои оддии амрикоӣ арзёбӣ мешаванд, ки гӯиё барои қаиқронӣ ба ноҳияи Мурғоби Тоҷикистон рафтаанд.
Бен Лак, Нейт Клема, Мет Клема, Купер Ламбла ва Чарлз Кинг, дар маҷмуъ 5 нафар аз иёлати Калорадои Амрико, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд, нопадид шуда ва охирин бонги ёрӣ аз онҳо тариқи моҳвора рӯзи чоршанбе ирсол шуда буд. Расман гуфта мешавад, сайёҳони қаиқрон ният доштаанд, баъд аз ду ҳафтаи ҳузур дар Тоҷикистон ба Непал ва баъдан ба Чин сафар кунанд. Ин афрод ҳамаашон донишҷӯ буда, як сол танаффус гирифтаанд, то дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон қаиқронӣ кунанд. Ин сайёҳон қаблан низ ба ҳолатҳои фавқулода дучор шудаанд.