Баъди кушторҳо: Президент вуруди силоҳ ба Тоҷикистонро манъ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, фармон додааст, ки вуруди силоҳи ғайринизомӣ ба Тоҷикистон муваққатан боздошта шавад.
Тавре аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, Эмомалӣ Раҳмон фармон додааст, ки бо мақсади таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон ворид намудани силоҳи ғайринизомии намудҳои таппонча, револверҳо бо патронҳои ҷароҳатрасон, газӣ ва пневматикӣ муваққатан, яъне то 31-уми декабри соли 2013 боздошта шавад.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои танзими гардиши силоҳи ғайринизомӣ дар кишвар дастур додааст, ки истеҳсол, харидуфурӯш, бо худ гирифта гаштан ва ба шахси дигар додани ин гуна силоҳҳо манъ аст.
Ин дастури раисиҷумҳур дар ҳолест, ки давоми моҳҳои охир бо истифода аз силлоҳи оташфишон чанд куштори мудҳиш сурат гирифт. Аз ҷумла ахиран бо истифода аз силоҳ дар ноҳияи Файзобод, посбони “Агроинвестбонк”, дар Рашт, раиси кони “Назарайлоқ”, дар Бобоҷон Ғафуров, хонаводаи як соҳибкор ва дар Чоркуҳ низ як хонаводаи шаҳрванди Тоҷикистон қатл шуда буданд.