Сайёҳони гумшудаи амрикоӣ дар Бадахшон ёфт шуданд
Панҷ сайёҳи қаиқрони амрикоӣ, ки чанд рӯз пеш дар Боғи миллии Помир дар вилояти Бадахшон нопадид шуда буданд, айни ҳол дарёфт шуда, бо чархбол дар ҳаво сӯи Душанбе қарор доранд.
Тавре ба “Озодагон” маълум шуд, яке аз сайёҳон маҷруҳ шудааст ва ин боиси коҳиши суръати ҳаракати онҳо гардид. Айни ҳол ба гуфтаи мақомот ба ҳаёти сайёҳон таҳдиде вуҷуд надорад.
Ёдрас мекунем, Бен Лак, Нейт Клема, Мет Клема ва ду сайёҳи қаиқрони дигари амрикоӣ, дар маҷмуъ 5 нафар аз аёлати Калорадо, ки рӯзи якшанбеи гузашта ба Тоҷикистон ворид шудаанд, ахиран ғайб заданд ва охирин бонги ёрӣ аз онҳо тариқи моҳвора рӯзи чоршанбе ирсол шуда буд.
Намояндагони сафорати Амрико дар Душанбе низ ин хабарро таъйид карданд ва изҳор доштанд, ки ба кофтукови сайёҳон мақомоти тоҷику амрикоӣ машғул буданд.
Сайёҳони қаиқрон ният доштаанд, баъди ду ҳафтаи ҳузур дар Тоҷикистон ба Непал ва баъдан ба Чин сафар кунанд. Онҳо ҳамаашон донишҷӯ буда, як сол танаффус гирифтаанд, то дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон қаиқронӣ кунанд. Ин сайёҳон қаблан низ ба ҳолатҳои фавқуллода дучор шудаанд, аммо аксаран аз он раҳо шудаанд.