Зане, ки 4 шабонарӯз бо нишони эътироз дар кабинаи кран менишаст, берун шудааст
Зане, ки чор шабонарӯзро дар кабинаи крани борбардор сипарӣ кард, билохира аз он фуромадааст. Дар ин бора ВАО-и Қазоқистон хабар додаанд.
Хоҳари ин зан гуфтааст, ӯ баъди он розӣ шуд аз кран берун биёяд, ки мақомот ваъдаи зери назорат гирифтани хостаҳояшро доданд. "Дар он баландӣ, дохили кабина, ки ҳама ҷояш сурох асту боду борон медарояд ва хеле сард аст, бидуни ғизои гарм нишаст”,-афзудааст хоҳараш.
Слушаш Жакенова рӯзи якшанбе ба болои кран баромад. Ӯ, ки дуру дароз бо шавҳараш қазияи судӣ дошт, бо ин амалаш аз ҳукми додгоҳ норозигии худро нишон дод. Вай ҳамсарашро дар тақаллубкорӣ ва аз худ кардани манзили зист муттаҳам мекунад.
Додгоҳ ҳамсари Жакеноваро муҷрим шинохта, шартан ба сели маҳрумият аз озодӣ ва пардохти тақрибан 40 ҳазор доллари амрикоӣ ҳамчун ҷуброн маҳкум кард. Аммо завҷааш иддао дорад, ки ҳукми ӯро аз шартан ба воқеӣ табдил диҳанд.