Раҳмон дар бораи телефон, мошин ва диндорӣ дар Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 3 октябр дар мулоқот бо фаъолони шаҳри Ваҳдат бо ёдоварӣ аз афзоиши муроҷиати мардуми ин ноҳия ба Дастгоҳи раисиҷумҳур аз роҳбарияти ноҳия хост, дар қабули шаҳрвандон фаъолтар бошанд.
Ӯ гуфт, роҳбарони ҳукумат дар маҳалҳоро зарур аст, ба қабули шаҳрвандон ва баррасии масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии сокинон аҳамияти ҷиддӣ диҳанд: “Зеро таҳлили арзу шикоятҳои шаҳрвандон ба Дастгоҳи иҷроияи президент нишон медиҳад, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз аҳолии шаҳри Ваҳдат 240 аризаву муроҷиат ворид гардидааст, дар ҳоле ки ин нишондиҳанда дар ҳамин давраи соли гузашта 160 арзу шикоятро ташкил дода буд.”
Оқои Раҳмон дар идома ба аҳамияти қонун дар бораи танзими расму оин пардохт ва афзоиши телефонҳои мобиливу мошинҳоро бори дигар ёдоварӣ кард. Вай азфуд, “дар кишвар теъдоди телефонҳои мобилӣ аз шумораи умумии аҳолӣ зиёд аст ва кам оилае ёфт мешавад, ки автомашинаи сабукрав надошта бошад.” Раисиҷумҳури Тоҷикистон таъкид кардааст, хароҷоти баргузории маъракаҳо ба ҳисоби миёна аз 8 ҳазору 750 сомонии то давраи қабули қонун ба 3 ҳазору 300 сомонӣ паст фаромада, дар давраи иҷрои қонун сокинони шаҳри Ваҳдат ба ҳисоби миёна беш аз 230 миллион сомонӣ сарфа намудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз Қуръони Карим дар бораи сарфакорӣ илова намудааст, “масалан, Ҳазрати Абӯбакри Сиддиқ мефармояд: Ман аҳли хонаводаеро бад мебинам, ки ризқи чанд рӯзашонро дар як рӯз харҷ мекунанд”.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намудааст, дар шароити пуртазоди кунунӣ бояд сокинони кишвар зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва ба наврасону ҷавонон қимати озодиву истиқлолият, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсиро фаҳмонанд: “Вақтҳои охир мушоҳида мегардад, баъзе гурӯҳҳо ва доираҳо аз фазои озоди давлати демократии Тоҷикистон истифода намуда, мехоҳанд мақсадҳои ғаразноки шахсӣ ва гурӯҳии худро дар либоси динӣ ифода намоянд. Ин ҳолат боис ба ҷудоӣ ва парокандагӣ дар байни шаҳрвандон мегардад. Дар ҳоле ки дини мубини Ислом ойини мадоро, сабру таҳаммул ва ваҳдатхоҳиву инсонгароӣ мебошад.”
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, давлати Тоҷикистон ба дини мубини ислом эҳтиром мегузорад, вале ба хотири таъмини амният, оромиву суботи ҷомеа ва осоиши мардуми кишвар пеши роҳи ҳама гуна ҷудоиандозиву тафриқаангезиро қотеъона хоҳад гирифт.