Ҷамъоварии 110 000 имзо ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова
Ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба мақоми президентӣ, то кунун 110 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.
Ситоди интихоботии хонум Бобоназарова мегӯяд, бо вуҷуди эҷоди монеаҳои сунъии мақомот онҳо тавонистанд, ин қадар имзоро ҷамъоварӣ кунанд. "Бештари имзоҳо дар ноҳияи Исфара ва Рӯдакӣ ҷамъ шудаанд",-афзуд манбаъ.
То анҷоми ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми президентӣ чаҳор рӯзи дигар (7 октябр) боқӣ мондааст. Вале то ҳол аз ҳафт номзад ягонтои онҳо 210 ҳазор имзои заруриро ба даст наоварда ва худро дар Кумисюни марказии интихобот ба қайд нагирифтаанд. Бо ин ҳол, Ҳизби аграрӣ ё кишоварзии Тоҷикистон (Толиббек Бухориев) 207 ҳазор имзо ҷамъ оварда, дар мақоми аввал ва Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ (Олим Бобоев) бо 205 ҳазор имзо дар ҷои дуюм қарор доранд. Ҳизби коммунист (Исмоил Талбаков) 173 ҳазор, Ҳизби сотсиалист (Абдуҳалим Ғаффоров) 152 ҳазор ва Ҳизби демократ (Саидҷаъфар Исмонов) 138 ҳазор имзо ҷамъ намудаанд.
Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳоло номи 7 довталаби курсии раёсати ҷумҳурӣ маълум шудааст, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури кунунӣ, яке аз онҳост. Вале то ҳол ҳисоби дақиқи имзое, ки ба тарафдории оқои Раҳмон ҷамъоварӣ шудааст, эълон нашудааст. Вале қаблан масъулони Ҳизби халқӣ демократӣ гуфта буданд, агар зарур ояд, дар ду соат 210 ҳазор имзоро ҷамъ хоҳанд кард.