Кумитаи дин 80 фоизи зоиронро ба Маккаву Мадина гусел кардааст
Кумитаи дини Тоҷикистон мегӯяд, аз 21-уми сентябр то кунун беш аз 80 дарсади зоирони тоҷикро ба Маккаву Мадина интиқол додааст. Масъулони ин кумита мегӯянд, гусели зоирон аз сӯи гурӯҳи кории “Ҳаҷ 2013” ва бо иштироки Абдураҳим Холиқов, раиси Кумидаи дин, ҷараён мегирад.
Зоирони тоҷик тариқи ду ширкати ҳавопаймоӣ – “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” аз фурудгоҳи байналмилалии Душанбе озими Макка ва Мадина мешаванд.
Манбаъ мегӯяд, масъулини “ситоди Ҳаҷ-2013” барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасониҳо ба ҳоҷиёни тоҷик, аз тамоми нерӯи корӣ истифода менамояд. “Рӯзҳои наздик тамоми ҳоҷиёни тоҷик дар шаҳри Мадина буда, ба Макка интиқол дода мешаванд. То шурӯъ шудани Ҳаҷҷи фарзӣ ибодати худро дар Хонаи Худо идома хоҳанд дод”,-афзуд манбаъ.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.