Журналистро барои як мақолаи 17 сол пеш навиштааш дастгир карданд
Пулиси Алҷазоир журналист ва ҳомии ҳуқуқ Аит Ларбиро барои як матлабаш, ки 17 сол қабл нашр шудааст, боздошт намуд.
Ларбиро замоне дастгир кардаанд, ки вай ба идораи пулис барои гирифтани иҷозаи нашри рӯзномаи нав омадааст. Сабаби боздошти журналист иттиҳомоти дар соли 1997 нисбати ӯ эъломшуда унвон мешавад. Ларби, ки дар соли 1986 зиндонӣ будааст, баъдтар дар мавриди шиканҷаву озор ва таҳқири маҳбусон мақолае навишт. Мақомот ӯро дар тӯҳмат муттаҳам намуданд.
Ларби зимни як сӯҳбати телефонӣ ба хабаргузории AFP гуфтааст, ки соли 2007 вақте даъвогар ба баррасии додгоҳ ҳозир нашуд, ӯро бегуноҳ шумурданд. Дар ин ҳол пулиси Алҷазоир аз шарҳи қазияи боздошти рӯзноманигор худдорӣ кардааст.
Аит Ларби яке аз бунёдгузорони Лигаи ҳомиёни ҳуқуқи инсон дар Алҷазоир аст, ки соли 1985 таъсис ёфт. {jathumbnail off}