Боздошти ду шаҳрванди тоҷик бо Land Rover дар Қирғизистон
Ду шаҳрванди тоҷик, ки ният доштаанд, ба Тоҷикистон мошини “Land Rover”-ро ворид намоянд, дар марзи Қирғизистон боздошт шудаанд.
Тавре Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад, дар пайи як амалиёти муштарак бо мақомоти амнияти миллӣ муайян шудааст, ки ин шаҳрвандон “Land Rover”-ро дар Белорусия харида, дар қаламрави Қирғизистон аз рақамҳои тақаллубии давлатӣ истифода мекардаанд: “Ин шаҳрвандон, ки ният доштаанд, ин мошинро ба Тоҷикистон ворид кунанд, дар минтақаи наздимарзии Бодканд боздошт шудаанд.”
Мақомоти қирғиз мегӯянд, айни ҳол алайҳи боздоштшудагон тафтишот идома дорад.