“Агар тарафдори ҳукуматед, чаро номзадиятонро гузоштед?”
Халил ҚАЮМЗОД
Дуруд, хонандаи арҷманд!
Ин дафъа фазои пешазинтихоботиро менависам. Инак, мисле, ки мубориза оғоз шуд. Муборизаи сиёсӣ. Талош барои идораи давлат ва пуштибонӣ аз Тоҷикистон.
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) номзади ягонаашро вориди “корзор” кард. Ойниҳол Бобоназароваи ҳуқуқшинос ба майдони муборизаи сиёсӣ ворид гашт. То ҷое ҳам ин бонуи сиёсатмадор тавонист, кулли нерӯҳои ислоҳтхоҳро дар паҳлӯи худ ҷамъ биоварад. Аммо...
Абдуҳалим Ғаффоров, раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон, ҳеч орзуи президент шуданро аз даст надод, ки надод. Хуш ба ҳолаш. Шояд як раъйи худашро басанда мешуморад барои пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ. Ба худ боварӣ дорад ин мард. Чаро на? Худаш раису табъаш президент.
Саидҷаъфар Исмонов, раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон ҳам ин бор худашро аз дигарон кам намебинад. Оре, то ин дам аз ҲДТ касе иддаои курсии президентӣ накарда буд. Чаро на? Бигзор бошад. Муҳим ғалаба нест, муҳим иштирок аст. Миллат бояд фарзандонашро бишносад, ҳадди ақал дар ҳамин даврон.
Олим Бобоев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ. Ин кас ҳам аз касе кам нестанд. Чаро худро аз Абдуҳалим Ғаффорову Саидҷаъфар Исмонов кам ҳисобанд? Аммо агар ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳоти иқтисодӣ ниёз медошт, аз Зайд Саидов, ки имкониятҳои хеле зиёд дошт, “ҷинояткор” намесохт. Барои ҳамин, аз ҷаноби Олим Бобоев ҳамчун як интихобкунанда хоҳиш мекунам, пеш аз номзадии худро пешбарӣ кардан, як ба чапу як ба рост нигоҳ кунед.
Исмоил Талбаков, муовини раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон. Дар мусоҳибаи ахираш ба “Озодагон” гуфта буд: “Демократия дар ҷангал аст, мо сотсиализм месозем”. Ман ҷаноби Талбаковро ҳамчун як инсони дигарандеш, дорандаи андеша, фикр ва хулосаи худ, эҳтиром мекунам. Аммо дар интихоботи қаблии президентӣ ҳам ҷанобашон ширкат карда соҳиби 5,1% раъйи мардум шуда буданд. Оё он кас барои ҳамон 5,1% мардуми ба он кас раъйдода ягон ҷомеае сохтанд? Пас, намешуд, ки аз иштирок даст бикашанду аз номзаде ҷонибдорӣ кунанд, то ки ин 5,1% барои пирӯзӣ кумак кунад?
Толиббек Бухориев, ҷонишини раиси Ҳизби аграрии Тоҷикистон, ҳам ҳамчун номзад ба курсии президентӣ пешбарӣ карда шуд. Номзад ба курсии президентӣ, мефаҳмед азизон? Ана, инро демократия меноманд. Қанд занед, Бухориев.
Ҷанобон!
Медонед, на барои халқ, на барои давлат, балки барои ҳукумати рӯз доред хизмат мекунед. Мехоҳед мардумрову оламиёнро гӯл занед, ки дар мо демократия ҳаст, дар мо интихобот баргузор мешавад. Ҳеч монеае нест. Зинҳор, ки фардо сархам нашавед назди фарзандону дӯстонатон ва назди миллат агар онро эҳтиром мекунед. Аммо хонандаи ҳушманд ба чашми худ дид, ки чӣ гуна монеаҳо сари роҳи як муддаии курсии президентӣ аз тарафи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, Ойниҳол Бобоназарова пеш омаданд. Аммо тааҷубовар ин аст, ки агар мехоҳед, аз ин ҳукумат пуштибонӣ кунед, чаро аз номзадии Раҳмон пуштибонӣ намекунед? Охир, ба ҳама маълум аст, ки роҳ дутост: Ё ҳукумати вақт бо сарварии Раҳмон ё ҳукумате нав бо Ойниҳол Бобоназарова.
Худро ба нофаҳмӣ мезанед?