Се голи “Бавария” ба дарвозаи “Манчестер Сити”
“Бавария”-и Мюнхен дар даври дуюми сабқати гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо дар меҳмонӣ “Манчестер Сити”-ро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард.
Франк Рибери, Томас Мюллер ва Арен Роббен муаллифи голҳои “Бавария” буданд. Голи ягонаи “Манчестер Сити”-ро Алваро Негредо зад.
Ҳамчунин, дар бозиҳои дигар “Шахтер”-и Донетск ва “Манчестер Юнайтед” бозияшонро мусовӣ 1:1 анҷом доданд. Дидори “Байер» ва “Реал Соседад” 2:1 шуд, “Реал” бошад, “Копенгаген”-ро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Бозии “Ювентус” ва “Галатасарай” 1:1 шуд.
“ПСЖ” ба дарвозаи “Бенфики” ва “”Олимпиакос” ба дарвозаи “Андерлехт” се голии беҷавоб заданд.
Даври навбатии сабқати гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо 22-23-юми октябр баргузор мешавад.