Марзбонони мисрӣ 33 фаластиниро аз зиёрати Хонаи Худо маҳрум карданд
Мақомоти кунуни Миср ба зиёда аз 30 шаҳрванди Фаластин аз Ғазза иҷоза надоданд, ки тариқи ин кишвар ба зиёрати Хонаи Худо раванд.
Шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” мегӯяд, ин 33 шаҳрванди Фаластин аз навори Ғазза мехостанд, марзи Мисрро гузашта, тавассути фурудгоҳи Қоҳира ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд.
Марзбонони мисрӣ гуфтаанд, дар ин бора аз мақомоти Фаластин ба онҳо дархост шуда буд. Ба гуфтаи онҳо, гӯиё номи яке аз зоирини Ғазза дар руйхати “сиёҳ”-е қарор доштааст, ки қаблан аз тарафи мақомоти фаластинӣ ба Хадамоти мухобиротии Миср фиристода шуд.
Исмоил Ризвон, вазири авқофи ҳукумати муваққати Фаластин мегӯяд, ин бори аввал нест, ки мақомоти мисрӣ зоирини Ғаззаро аз роҳ мегардонанд. Ба гуфтаи ӯ, дар гузашта низ марзбонони мисрӣ ба 8 фаластинӣ иҷоза надоданд, тариқи қаламрави кишварашон ба ҳаҷ сафар кунанд.