1 октябр гузашт, аммо камераҳои назоратӣ ҳанӯз фаъол нашудаанд
Дурбинҳои назоратӣ (камера) дар кӯчаҳои асосии пойтахти Тоҷикистон, ки бояд рӯзи якуми октябр фаъол шуда, хатои ронандагонро сабт мекарданд, ҳанӯз ба кори худ оғоз нанамудаанд. Мақомот мегӯянд, ба далели мушкили техникӣ ин кор ҳанӯз анҷом нагирифтааст.
Шукрӣ Зубайдов, раҳбари корхонаи васлу истифодаи назди БДА (ГАИ), дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “дурбинҳо аз Фурудгоҳи байналмилалӣ (Аэропорт) то охири хиёбони Рӯдакӣ (Водонасос) насб карда шуд, аммо камтар мушкили техникӣ ба амал омадааст, ки рӯи он кормандони ширкати “Huawei” кор мекунанд.”
Қаблан, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки то моҳи ноябри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвар 855 камераи назоратӣ насб мешаванд, ки хароҷоти миёнаи насбу ба истифодадиҳии ҳар кадомашон ҳудуди 25 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ин тарҳ бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони Ҳамкории Шонгҳой мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад.
Дар доираи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд.